Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
Соли равон дар назди 7 муассисаи таълимии ноҳияи Вахш 23 синфхонаи иловагӣ бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Тавре зимни суҳбат мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш Гулбаҳор Кенҷазода иброз кард, синфхонаҳои иловагӣ бо саҳми мақомоти маҳаллӣ, шарикони рушд ва волидайни хонандагон бунёд шуда, барои ба таълим фаро гирифтани 575 хонанда дар як баст пешбинӣ шудаанд.
Зикр шуд, ки боз дар назди 10 муассисаи таълимӣ бунёди 43 синфхонаи иловагии дигар бо маром идома дошта, марҳила ба марҳила мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.
Инчунин корҳои ҳуҷҷатгузорию лоиҳакашӣ барои бунёди 16 синфхонаи иловагӣ дар назди ду муассисаи таълимии дигар оғоз гардида, дар назар аст, ки рӯзҳои наздик сохтмони онҳо оғоз гардад.
-Бунёди синфхонаҳои иловагӣ, имкон медиҳад, ки шароити таълиму тарбия дар муасисаҳои таълимӣ беҳтар гардида, барои донишомӯзии хонандагон шароити хуберо фароҳам меорад. Иқдоми мазкур ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш қарор дошта, барои беҳтар намудани шароити таҳсил дар муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия аз ҳамаи имкониятҳо истифода бурда мешавад, - гуфт Г. Кенҷазода.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



