Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
Дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии футболи Лигаи “Умед” миёни наврасон ва ҷавонони 18 – сола (U-18) ба анҷом расида, дастаи “Хатлон – 1” мақоми аввалро соҳиб шуд.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуотии Федератсияи футболи вилояти Хатлон ба “Сафо” иттилоъ доданд.
Дар бозӣ барои мақоми аввал дастаи “Хатлон – 1” бо тими “Душанбе – 1” рақобат намуда, вақти асосии бозӣ бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид. Ғолиб аз рӯи зарбаҳои ёздаҳметра муайян гардида, дар натиҷа, бозингарони дастаи “Хатлон – 1” бо ҳисоби 3:1 ғолиб омаданд.
Беҳтарин бозингари ин мусобиқа низ Ҷаъфари Карим аз дастаи “Хатлон – 1” дониста шуд.
Дастаи “Хатлон – 1” зери роҳбарии сармураббӣ Сиёвуш Боев дар ин мусобиқа хуб ҳунарнамоӣ карда, мақоми аввалро ишғол намуд.

Дар маросими ҷоизасупории ин мусобиқа директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони Федератсияи футболи Тоҷикистон Абдулло Соқиев иштирок намуда, дар вазъияти тантанавӣ ғолибонро қадрдонӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар даври ҷумҳуриявии Лигаи “Умед” миёни наврасон ва ҷавонони 18 – сола ҳашт дастаи минтақавӣ ба ду гуруҳ тақсим гардида, барои дарёфти ҷоизаи мусобиқа байни ҳам рақобат намуданд.
С. СУЛТОН
Добавить комментарий
Ахбор
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид 15:36СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД? 15:52МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ 15:48БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ 15:59БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57



