Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
“ВАХШИ ЗАРНИСОР” ЧЕМПИОН ШУД
12 ноябри соли равон дар варзишгоҳи “Вахш – Арена”-и шаҳри Бохтар бозии ниҳоии футболи Чемптонати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюми вилояти Хатлон баргузор гардид.
Дар ин рақобати пуршиддат дастаҳои “Вахши Зарнисор”-и ноҳияи Вахш ва “Норак”-и шаҳри Норак бо ҳам мубориза бурданд.

Дар натиҷа бозигарони дастаи “Вахши Зарнисор” бо ҳисоби 3:1 ғалаба карда, чемпиони вилояти Хатлон дар соли 2024 гардиданд.
Дар вазъияти тантанавӣ Ҷом ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ ба ғолибон тақдим карда шуд.

Тавре аз хадамоти матбуотии Федератсияи футболи вилояти Хатлон ба “”Сафо” иттилоъ доданд, дар мавсими имсолаи чемптонат дар маҷмӯъ 19 даста иштирок намуданд, ки аз ин 8 даста ба минтақаи Кӯлоб ва 11 даста ба минтақаи Бохтари вилояти Хатлон рост меояд.
С. СУЛТОНОВ
(Аксҳо аз Хадамоти матбуотии Федератсияи футболи вилояти Хатлон)
Добавить комментарий
Ахбор
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид 15:36СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД? 15:52МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ 15:48БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ 15:59БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57



