Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
31 окт 15:28АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ
ҚУБОДИЁН. ЗИЁДА АЗ 20 КИЛОМЕТР РОҲ ТАЪМИРИ АСОСӢ ШУД
Давоми моҳҳои сипаригардидаи соли равон дар ноҳияи Қубодиён зиёда аз 20 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмири асосӣ шуда, беш аз 15 километри дигар сангфарш гардидаанд.
Дар ин амали неку шоиста саҳми соҳибкорони маҳаллӣ назаррас буда, бо ташаббуси онҳо дар ҳудуди ноҳия корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома доранд.
Диловар Нуруллозода, сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Қубодиён зимни суҳбат иброз намуд, ки тайи моҳҳои сипаригардидаи соли равон соҳибкорони маҳаллӣ бо харҷи беш аз 10 миллион сомонӣ беш аз 20 километр роҳҳои маҳаллиро асфалтпӯш намуда, инчунин зиёда аз 15 километр роҳи дигарро ба маблағи 2 миллиону 413 ҳазор сомонӣ сангфарш кардаанд. Инчунин бо саҳми онҳо як пули калони мошингузар, бо харҷи зиёда аз 2 миллиону 300 ҳазор сомонӣ таъмиру бозсозӣ шуда, корҳои таъмиру таҷдиди роҳҳо муташаккилона идома доранд.

Диловар Нуруллозода афзуд, ки дар ин давра аз ҳисоби буҷети маҳҳаллӣ низ 100 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, қисмати зиёди роҳҳои маҳаллӣ таъмири ҷорӣ шудаанд.
Дар ин баробар аз ҳисоби Вазорати нақлиёти мамлакат барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои ноҳия зиёда аз 116 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, бо ин маблағ дар роҳу пулҳои ҳудуди ноҳия корҳои таъмиру азнавсозӣ анҷом дода шудааст.
-Феълан дар мувозинати Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Қубодиён 178,5 километр роҳ буда, аз ин миқдор 34,5 километр роҳи аҳамияти байналмилалӣ ва 144 километр роҳҳои маҳаллӣ мебошанд, ки марҳила ба марҳила таъмиру бозсозӣ шуда истодаанд, - гуфт Д. Нуруллозода.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



