Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Руъёи шеър
Дилбастагиаш бо шеъри ноб ҳанӯз аз овони кӯдакӣ оғоз гардида, ба гоҳи шунидани ашъори зебову дилнишини шоирон ба қироату замзамаи батакрор онро дар хотири хеш ҳифз мекард. Чуноне, ки баъдан дар синни балоғат эҳсосоту алоқамандиашро ба шеър ба ин маънӣ таҷассум карда буд, ки; “Шеър офтоби эҳсоси ман аст, ки ҳамеша аз қалб тулӯъ намуда, ба рӯзгорам нуру сафо мебахшад. Ишқи шеър варо ончунон ба китобхонаҳову ашъори пурғановати адибони классики тоҷик пайванд бинмуда буд, ки охиран ҷавҳари эҷод андар замираш ҳусни таҷаллӣ ёфт.
-Аз нахустин лаҳзаҳои эҷоди аввалин шеъру таронаҳо саршори хаёлоти тасаввурнопазир ба худ мегуфтам, ҳатман олами шеъру шоирӣ маънии аслии зиндагиам хоҳад буд,- бо ёдоварӣ аз овони мактабхонӣ қисса оғоз кард Рӯъё. – Нахустин шеъри эҷодкардаам дар синни 12- солагӣ буду гарчанде мисраъҳои аввалинаш аз хотирам зудуда шудааст, вале хуб дар ёд дорам, ки маҳз он ширинбайтҳои дилангез роҳи маро ба олами эҷод кушоду ҳамдами қаламу қоғаз шудам.
Қосимзода Сумани Усмон, аз овони наврасӣ бо тахаллуси "Руъё" шеър эҷод намуда, мазмуни шеъру таронаҳои дилнишинаш аз муҳаббати бузургаш ба меҳани азиз сарчашма мегиранд. Манбаи илҳомаш Ватану Модар таҷассуми зебоиҳои диёр мардумони заҳматқарину дастовардҳои даврони Истиқлоли Тоҷикистони азиз буда, эҷодиётро маънии зиндагӣ ва рисолати ҳаётии хеш мешуморад. Ба қавли Сайидо;
Паймонае, ки бода надорад шикастанист,
Дасте, ки нест масдари эҷод шикастанист.
Ӯ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар оилаи омӯзгор ба дунё омада, баъди хатми мактаби зодгоҳаш тибқи Квотаи Президентӣ ба факултаи химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил мешавад. Баъди хатми Донишгоҳ дар МТМУ №12-и деҳи зисташ аз фанҳои химия ва биология ба шогирдон дарс мегӯяд.
Тули солҳои эҷодӣ шеърҳояш дар нашрияҳои "Фурӯғ", "Замон", "Ҷавонони Тоҷикистон", "СССР", "Тоҷикистон", "Ганҷи Исфара", "Адабиёт ва санъат" ва " Садои Шарқ" ба табъ расида, пасон, тавассути китоби дастаҷамъии "Ҳамсолони Истиқлол" (2017) "Чилдухтарон" (2020) "Чакомаи ҳанӯз" (2024) пешкаши толибони каломи бадеъ гардидааст. Ҳамзамон, нахустин маҷмуаи шеърҳояш "Руъёҳои Руъё" соли гузашта ба нашр расид, ҳамзамон дар соли 2023 аз номинаи эҷоди назм ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" гардид. Дорандаи Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон мебошад.
Ба андешаи Руъё қалби инсон шабеҳи боғи сарсабзест, саршор аз ниҳолони меҳру ишқу ҳавасҳо ва боғбон муваззаф аст то бо марому иштиёқ баҳри боровар гардидани орзуву ҳадафҳои худ ҷидду ҷаҳд намояд.
Ҳамеша орзу мекардам, ки бо заҳмати софдилонаву ташаббускориҳои ватандӯстона мояи ифтихору сарбаландии аҳли оилаамон бошам ва ба гоҳи дастоварду музаффариятҳо дар озмунҳои илмиву фарҳангӣ симои пурнури зодмандонам пеши назар меояд. Чун падари равоншодам Қосимов Усмон, ки 55 соли ҳаёти худро ба кори таълиму тарбияи насли наврас бахшида буд, пайваста мо, фарзандонро насиҳат мекард, ки бо илму донишандӯзӣ ва саҳмгузорӣ дар рушду пешрафти ҷомеа намунаи ибрати дигарон бошем. Ҳоло баъзан шогирдонашро вомехӯрам, ки дар ҷодаҳои гуногуни ҷамъиятӣ фаъолияти пурсамар дошта, асрори рушду пешрафтҳояшонро натиҷаи заҳматҳои устодонашон, аз ҷумла, қиблагоҳии мо арзёбӣ менамоянд,- лаҳзае ба андеша фурӯ рафта идома медиҳад Рӯъё Усмонӣ. - Шукронаи қисмат таҳти тарбияи зодмандони дурандешу маърифатпарвар ба воя расидаам, ки аз овони хурдӣ дар қалби мо муҳаббати бузургро ба Ватан парварда, фарзандони худро дар руҳияи арзишҳои инсонӣ тарбияву ба воя расонидаанд.
Модари Руъё бонуи Моҳшариф таҳсилоти олӣ нагирифта бошад ҳам, аммо бо фарҳанги гуфтору хулқу атвори шоиста намунаи ибрат барои духтаронаш буд, ки орзуи монои ӯ ҳунарманду хушсалиқа бошанд. Солиён дар муассисаи таълими ва идораи ҷамоати зисташон ва корхонаҳои гуногуни маҳаллӣ фаъолият бинмуда, айни замон хонашин аст.
-Хушбахтона, дар баробари таъсис ва роҳандозӣ гардидани озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ бо завқу рағбати зиёд дар он ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намунавӣ гардидааст. Ба тозагӣ дар Озмуни ҷумҳуриявии "Тараннуми Ватан" ки бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон" роҳандозӣ гардида буд, дар бахши қироати шеър сазовори ҷойи аввал гардидам. Бо ҳама сарбориҳои зиндагӣ ба симати омӯзгори ҷавон мекӯшам бо меҳру муҳаббати самимӣ ба касби пурифтихори омӯзгорӣ ба дили шогирдонам роҳ ёфта, дар радифи таълими фанҳои ихтисосӣ, ҳамзамон, дар тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳисси ифтихор аз миллату давлатдорӣ ва масъулият дар ҳифзи суботу оромии Тоҷикистони азиз саҳми худро гузошта бошам,- мегӯяд Руъё.
Ба андешаи омӯзгори ҷавон яке аз омилҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ин муҷаҳҳаз гардонидани синфхонаҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои фаннӣ бо таҷҳизотҳои зарӯрӣ ва маводи физикиву химиявӣ ва дигар аёниятҳо мебошад. Синфхонаҳои ғанӣ аз воситаҳои таълимӣ ва муҳаббат ба насли наврасу шавқу рағбати беандозаи омӯзгор ба касби худ машғулиятҳоро ҷаззобу шавқовар мегардонад. Яъне, ояндаи насли наврас аз мактабу шахсияти омӯзгор зиёд вобастагӣ дорад ва аз ин лиҳоз, донишмандон омӯзгорро тарбиятгари башарият ва нури пешбарандаи ҷомеа ба сӯи зиндагии дурахшон мешуморанд.
Воқеан, муҳаббат ба касбу меҳри беандоза ба насли наврас дар ашъори омӯзгори ҷавону шоираи нозукбаён таҷассум гардидааст:
Салом шогирдакони шодкомам,
Умеди тоза, умри бардавомам.
Тамоми рӯз дар банди шумоён,
Чунон шодам, ки доред эҳтиромам.
Чуноне ки худ иқрор меояд, манбаи илҳомаш манзараҳои зебои Ватан дастоварду пешравиҳо ва фарҳангу рӯзгори ҳамдиёронаш буда, диёри сабзу гулгулшукуфиҳои табиати афсункори Тоҷикистон илҳомбахши эҷодкороне мисли Руъё аст.
Юсуфи Собир
Добавить комментарий
Ахбор
БАРОИ “БЕҲТАРКУНИИ НИЗОМИ ОБТАЪМИНКУНӢ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН” 4,8 МИЛЛИОН ЕВРО ҶУДО МЕШАВАД 13:19ҶАВОН ВА ВАТАН: МАСЪУЛИЯТ, ДОНИШ ВА САДОҚАТ 15:04ХАТЛОН: НАЗДИК БА 80% ДУХТАРОНИ СИННИ 10 – 14-СОЛА ИММУНИЗАТСИЯ ШУДАНД 14:48ҶАЙҲУН. БЕШ АЗ ЯК КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД 15:15ЁВОН. НАҚШАИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА ИҶРО ШУД 11:33ФАРРУХЗОДАҲОИ МИЛЛАТ 11:38ПАНҶ. ИММУНИЗАТСИЯ БЕШ АЗ 70 ФОИЗ ИҶРО ШУДААСТ 11:25ЭЪЛОН. "ҚАЛАМИ ДОНИШҶӮ" 10:51
Серхонандаҳо
НАМОИШГОҲИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ, САНОАТӢ, ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА ТАОМҲОИ МИЛЛИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ҚАЗОҚИСТОН БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЯК ВОЯИ GARDASIL САРАТОНИ ГАРДАНАКИ БАЧАДОНРО ПЕШГИРӢ МЕКУНАД
СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БО ҒОЛИБОНИ ОЗМУН
Бохтар. Бозсозии муҷассамаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
РӮЗНОМАНИГОРИ БОХИРАДИ САДСОЛА
ҶАЙҲУН. БЕШ АЗ ЯК КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
ПАНҶ. ИММУНИЗАТСИЯ БЕШ АЗ 70 ФОИЗ ИҶРО ШУДААСТ
Иҷрои дурнамои ҷамъоварии пахта дар Леваканту Бохтар
КИТОБХОНАИ ОММАВИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ПАС АЗ БОЗСОЗӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА ИСТИФОДА ШУД
ЁВОН. НАҚШАИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА ИҶРО ШУД