Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
14 окт 15:42АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ
БЕШ АЗ 136 КИЛОМЕТР РОҲ ТАЪМИРУ БОЗСОЗӢ ШУД
Давоми нуҳ моҳи сипаригардидаи соли равон бо харҷи зиёда аз 32 миллион сомонӣ роҳҳо ва пулҳои мошингарди минтақаи Бохтари вилояти Хатлон таъмиру бозсозӣ шудаанд.
Дар ин бора сардори Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Бохтар Усмон Тағойбекзода ба “Сафо” иттилоъ дод.
Номбурда гуфт, ки бо харҷи маблағи болозикр зиёда аз 51 километр роҳ асфалтпӯш ва зиёда аз 84 километри дигар шағалпӯш гардидааст, ки дар маҷмӯъ беш аз 136 километр роҳро дар бар мегирад. Дар ин баробар 60 пули дигар низ аз таъмир бароварда шудааст.
Дар ин тадбири муҳим саҳми соҳибкорони маҳаллӣ назаррас буда, барои таъмиру азнавсозии роҳҳо онҳо 26 миллиону 234 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ кардаанд.
Инчунин дар ин давра аз ҳисоби Вазорати нақлиёти мамлакат 2 миллиону 292 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби мақомотҳои маҳаллӣ 3 миллиону 654 ҳазор сомонӣ барои таъмиру таҷдиди роҳҳои минтақа маблағгузорӣ шудааст.
Феълан дар мувозинати муассисаи мазкур дар умум 2749,2 километр роҳ мавҷуд буда, аз ин миқдор 340,7 километр роҳҳои ҷумҳуриявӣ, 435,2 километр роҳҳои байналмилалӣ ва 1977 километр роҳҳои маҳаллӣ мебошанд.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



