Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ҷ. Балхӣ. Сокинон бо оби нӯшокӣ таъмин гаштанд
Бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ бо харҷи 660 ҳазор сомонӣ дар Ҷамоати деҳоти “Навобод”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хати оби нӯшокӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба “Сафо” иттилоъ доданд, хати оби нӯшокӣ дар масофаи 3 километр кашида шуда, барои беш аз 13 ҳазор аҳолии деҳаҳои Наврӯз, Айнӣ, Саид Кароматулло ва қисман деҳаи Абдулло хизмат мерасонад.

Дар маросими ба истифодадиҳии ин тадбири муҳим раиси ноҳияи мазкур Холиқзода Рустам ва прокурори ноҳия Собирзода Искандар иштирок карда, бо сокинони ҷамоат мулоқот намуданд ва ба соҳибкори маҳаллӣ барои анҷом додани ин иқдоми шоиста миннатдорӣ намуданд.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо



