Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Аз рӯзгори пирони барнодил
Вақте ки мо барои аёдат ва суҳбат бо яке аз шахсони обрӯманду рӯзгордида, сокини деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти “Навбаҳор”-и ноҳияи Кӯшониён, пири равшанзамир Абдулҳақ Розиқов рафтем, ӯ машғули мутолиаи “Девон”-и Мавлоно Ҷалолинддини Балхӣ буд.
Синну солаш бо 109 расида бошад ҳам, ҳоло ҳам китоб мехонад. Ба гуфти ӯ китобхонию донишандӯзӣ аз овони наврасӣ машғулияти дӯстдоштааш мебошад. Бо овози хаста ва андешаву хотираи қавӣ ҳамаи саргузашти ибратомӯзашро бароямон нақл кард. Ӯ соли 1919 дар деҳаи Тутқавули шаҳри Норак ба дунё омадааст.
Дар се солагиаш аз навозишу меҳрубониҳои модар маҳрум монд. 6 сола шуд, ки падараш аз дунё гузашт.
Ин кӯдаки аз волидон ятиммонда бо ду бародараш дар тарбияи амакҳояш монданд. Зиндагии сахту мушкил ва тоқатфасо онҳоро домангир буд. Рӯзгори сахти онҳо сахттар мешуд. Абдулҳақи наврас шаҳди зиндагиро начашида, ба сардиву сахтиҳои зиндагӣ рӯ ба рӯ мешуд. Рӯзгор ба ӯ тараҳҳум надошт. Дар хонаи амакҳояш низ рӯзи хуш надид. Яке аз хешони дури онҳо Маҳмуд Каримов ва Эшони Ҳайдархон тарбияи се ятимбачаро ба уҳда гирифтанд. Дар байни бародарон Абдулҳақ чусту чолок ва қобил буд. Вай ҳам соҳиби дониши динӣ гардиду ҳам дониши дунявӣ. Бо яке аз духтарони деҳаи ҳамсоя хонадор шуд. Бо бародаронаш Розиқов Холиқ ва Розиқов Ҳайдар муддате дар деҳаи Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ ва деҳаи Ғарави ноҳияи Ёвон зиндагӣ карданд. Оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) зиндагии осоиштаи мардумро халалдор намуд. Ҳар ду бародараш Холиқ ва Ҳайдарро ба фронт бурданд.
Бародари калониаш Ҳайдар Розиқов дар ҷанг ҳалок гардиду аз ӯ хати сиёҳ омад. Бародари хурдиаш сарбаландона аз ҷанг баргашт. Давлати абарқудрати дунё – Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ солҳои азнавбарқароркунии баъди ҷангро аз сар мегузаронид. Зиндагии мардум вазнин буду ба сахтӣ мегузашт. Оилаи Розиқовҳо кӯчида ба деҳаи имрӯзаи Истиқлоли (собиқ ба номи Ленин) Ҷамоати деҳоти “Навбаҳор”-и ноҳияи Кӯшониён омаданд.
Абдулҳақ Розиқовро, ки шахси рӯзгордидаву обрӯманд буд, сардори бригадаи пахтакорӣ таъйин намуданд. Тавассути меҳнати ҳалол ва таҷрибаи пешқадам аъзоёни бригада ҳамасола аз ҳар як гектар замин 40-45 сентнер тиллои сафед ҷамъоварӣ менамуданд. Ҳамчун деҳқони фидокору пешқадам барои дастовардҳои бузурги меҳнатӣ бо чандин ордену медалҳо - “Барои меҳнати шоён”, “Ветерани меҳнат” ва бисёр мукофотҳои молию пулӣ қадрдонӣ шудааст.
Ин пири барнодилу рӯзгордида ҳамроҳи ҳамсари меҳрубонаш 13 фарзандро ба дунё овардаву тарбия намуданд. Онҳо имрӯз хизмати халқу Ватанро сарбаландона ба ҷо меоранд. Аз бахти неки фарзандонаш меболад. Дар ҳалқаи фарзандон ва 100 нафар наберагону аберагон давлати пирӣ меронад.
- Гоҳо ёди рӯзгори гузашта мекунам,–мегӯяд бобои Абдулҳақ. Ба хаёлам зиндагӣ ба монанди бод дар як дам гузашт. Хотираҳо маро ба дашту даман, рӯди сероби Вахш, деҳаву кӯҳҳои сар ба фалаккашида ва табиати биҳиштосои Норак мебарад. Овони кӯдакию наврасӣ дар зиндагӣ азобу сахтиҳои бисёре ба сарам омад. Хушбахтона, ба рӯзгори осоиштаю пурсаодат расидем.
Ин ободию созандагиҳо, бунёдкориҳо ва рӯз ба рӯз рушду зебо гардидани Тоҷикистони азизамро мебинаму шукрона мекунам, ки ин шаҳомати зиндагии хушу гуворо ва рангин бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби халқи мо гардидааст.
Воқеан ҳам рӯзгори ин пири барнодилу рӯзгордида намунаи ибрату омӯзанда аст:
Ройи равшан зи бузургони куҳансол талаб,
Обҳо соф дар айёми хазон мегарданд.
Аъзам Бобозода
Добавить комментарий
Ахбор
Марде ҳунарманд 12:32«РОДМАРД» – МИНБАРИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ 12:26ВОСЕЪ – мактаби ҷасорат барои наслҳо 12:21ҲАМАДОНӢ: ИФТИТОҲИ 3,5 КМ РОҲИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТА 13:32БОХТАР. БУНЁДИ 10 КӮДАКИСТОН ДАР НАҚША 13:24ОСИЁБИ ЯК МАРД, УМЕДИ ЧАНД ДЕҲА 12:58РАМАЗОНРО ҒАНИМАТ ДОНЕМ! 12:52ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 33-ЮМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 12:19
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 33-ЮМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРГУЗОР ГАРДИД
ҶАЙҲУН. ПАРКИ ТЕХНОЛОГИЮ ЛОГИСТИКӢ БУНЁД МЕШАВАД
ЁВОН. 551 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ГАРДИД
БОХТАР. БУНЁДИ 10 КӮДАКИСТОН ДАР НАҚША
ФУРӮҒИ ДОНИШ ДАР ҚАЛБИ КӮҲИСТОН
5151 ВА МАЙНАИ ДОНО
ХУРОСОН. БУНЁДИ ПАНҶ БИНОИ ИЛОВАГИИ МУАСИСАИ ТАЪЛИМӢ
Номи нек ва корномаи пуршараф
АМИРШОҲИ ХАТЛОНӢ: ПАЁМ – МАКТАБИ ДАВЛАТДОРӢ ВА БЕДОРИИ МИЛЛӢ



