Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
30 сен 15:48АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Маслиҳати муфид
Тарбуз барои зимистон
Тарбуз – 400 гр
Об - 500 мл
Сиркои себ - 30 мл
Асал - 2 қошуқ
Намак - 2 қошуқча
Тарзи консервакунонии тарбуз: тарбузро шакли дилхоҳ ҳаҷман калонтар реза карда ба зарфи 1 литра меандозем. Аз болои тарбуз оби ҷӯшидашударо мерезем ва муддати 15 дақиқа нигоҳ медорем. Пас он оби хунукшударо мерезем ба он сиркои себ (яблочный уксус), намак асалро андохта, то ҷӯшомадан нигоҳ медорем. Дар охир аз болои тарбуз оби очор (маринадро) рехта, бо сарпӯш маҳкам мекунем.
Афшура аз тарбуз
Тарбуз( дилааш) - 3,7 кг
Шакар - 250 гр
Кислотаи лимӯ – 1 қошуқча
Бояд тарбузи хуштамъу пухтарасидаро интихоб намуд, то ки афшураи он хуштамъ барояд. Дилаи тарбуз бояд 3,7 кг бошад. Дилаи тарбузро гирифта, донаҳояшро ҷудо мекунем. Пас онро дар таҷҳизоти афшурабарорӣ андохта ду – се маротиба аз он мегузаронем. Афшураи омодашударо аз дока гузаронида, ба зарфи сирдор андохта, дар оташи муътадил то ҷӯшомадан нигоҳ медорем. Ширинии афшура аз тарбуз вобастагӣ дорад. Агар тарбузи интихобкардаи шумо ширин набошад метавонед камтар шакар истифода баред. Пас аз 2-3 дақиқаи ҷӯшидани афшура оташро хомӯш мекунем. Дар ин муддат зарфҳои шишагинро тоза шуста бо сарпӯшҳо тамйиз мекунем. Афшураро боз муддати 2-3 дақиқа ҷӯшонида ба зарфҳои тамйизкардашуда мерезем ва маҳкам мекунем.
Нӯшин
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



