Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҚАСИДАИ МЕҲАН
Меҳано, шеъри туро бо килки ҷон хоҳам навишт,
Қитъа не, байту ғазал не, достон хоҳам навишт.
Бо алифбое, ки бошад ҳарфҳояш ахтарон,
Васфи ҳуснат дар китоби осмон хоҳам навишт.
Дидаи зебонигар дорам, латифандешаам,
Сангҳоятро ба роҳам парниён хоҳам навишт.
Духтарат ҳастам, туро, эй модарам, эй меҳанам,
Ранҷҳо ҳам гар бубинам, меҳрубон хоҳам навишт.
Чун зане хоҳам ба фарқи кӯдакон рангинкамон,
Ман фақат васфи ҳамин зебокамон хоҳам навишт.
Кори ман чӣ, дар ҷаҳон гар ҳаст гулзори дигар?
Аз гулистонам ба ҳарфи гулфишон хоҳам навишт.
Ошиқи ҳарфи баланду шеъри ноби рафтагон,
З - ин фарози кӯҳу з - ин рӯди равон хоҳам навишт.
То ба марзи эътибори миллатам н-ояд газанд,
Аз ҳаёти ҷоннисори марзбон хоҳам навишт.
Миллати ман з-оташи сад ҷабри таърих растааст,
Қиссаи печидаи ҳар имтиҳон хоҳам навишт.
Бо ҳунар, бо хулқи некуянд соҳибэҳтиром,
Аз муҳоҷирбачаҳои қаҳрамон хоҳам навишт.
Нури Роғун нури бахти миллати фархунда аст,
З-ин сахои офтоби тоҷикон хоҳам навишт.
Пешвои мо атои Осмон асту Замин,
Аз атоҳои Худои меҳрбон хоҳам навишт.
То ки бошад давлатат поянда, иқболат баланд,
Дар ҳавоят ман ҳуморо парфишон хоҳам навишт.
То ки бошад гулфишону сабз марзи Меҳанам,
Шеъри сабзи меҳани дур аз хазон хоҳам навишт.
Зебунисо Қосимова
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



