Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БУНЁДИ БЕМОРХОНА ДАР КОЛЛЕҶИ ТИББӢ
Дар доираи ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Муассисаи давлатии Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар бунёди беморхонаи муосири замонавӣ бо маром идома дорад.
Дилбар Самадова, иҷрокунандаи вазифаи директори коллеҷи мазкур зимни нинасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки беморхона аз 5 ошёна иборат буда, дар он 50 кати хоб барои беморон пешбинӣ шудааст.
Ӯ гуфт, ки бунёди беморхона имкон медиҳад донишҷӯён ба дигар беморхонаҳо барои таҷрибаомӯзӣ нарафта, дар ҳамин ҷо ҳам ба таҳсил ва ҳам ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шаванд.
Зикр шуд, ки беморхона аз ҳисоби маблағҳои худи коллеҷ бунёд гардида, барои корҳои сохтмонию хариди таҷҳизоти зарурӣ 10 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
-Дар таҳхона ва ошёнаи якум маркази ташхисӣ, дар ошёнаи дуюм шуъбаи амрози даруна бо 36 кат, дар ошёнаи сеюм шуъбаи ҷарроҳӣ ва дар дигар ошёнаҳо синфхонаҳои таълимӣ барои донишҷён ба нақша гирифта шудааст, - гуфт Д. Самадова.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо



