Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Мо ва ҷавонон
Ба эътибори нақши неруи бузурги ҷавонон дар рушду тараққиёти ҷомеа ва давлат, муҳимтарин тадобир баҳри пойдориву устуворӣ ва рушду тараққиёти ояндаи кишвар, ин таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба тарбияи ватандӯстии насли ояндаи мо арзёбӣ мегардад. Бо назардошти ин нукта роҳбарияти олии кишвар дар баробари фароҳамсозии беҳтарин шароитҳои илму ҳунаромӯзӣ ва тарбияи ҷисмониву рушди зеҳнии ҷавонон, ҳамзамон бо мақсади мафкурасозии ватандӯстона дар ҷомеа низ тадбирҳои муассир рӯи кор овардаанд.
Татбиқи қонуну санадҳои маъмурӣ, роҳандозӣ гардидани барномаву стратегияҳои давлатӣ ва дар соли 2017 эълон гардидан “Соли ҷавонон” аз иқдомҳои наҷиби Пешвои муаззами миллат баҳри ҳаллу фасли масоили мубрами ҷавонон ва тарбияву омодасозии кадрҳои лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарӣ аст.
Чуноне, ки Сарвари давлат зимни суханронии хеш дар ин маврид таъкид доштанд: “Дар руҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳама сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад”
Зеро пойдориву устувории рукнҳои давлатдорӣ, рушду пешрафти ояндаи кишвар ва қудратмандии Артиши миллӣ ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз сатҳи таълиму тарбия ва дар руҳияи ватандӯстиву ҳисси масъулиятшиносӣ дар ҳифзу ҳимояи Ватан ба воя расонидани насли оянда вобастагӣ дорад. Дар ин росто тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстӣ аз омилҳои муҳими омодасозии ҷавонони ҷисману руҳан обутобёфта ба хизмати Модар –Ватан ба ҳисоб меравад.
Тавре ҷомеашиносон иқрор меоянд, беҳтарин василаи таҳрики ҷавонон ба илму донишандӯзӣ, худсозиву ватансозӣ ва бедор намудани шавқу рағбати онҳо барои саҳмгузорӣ дар рушду пешрафти кишвар ва ҳимояи марзу буми аҷдодӣ, ин ташаккули афкори ватандӯстиву масъулияти ватандорӣ дар зеҳну замири онҳост.
Дарвоқеъ ҳам, дар арафаи моҳвораи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, пеш аз муҳлат иҷро гардидани нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пайки хушоянде аз тадбирҳои муҳими дар ин самт андешидаи роҳбарияти вилоят мебошад, ки ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар сатҳи олӣ ва фазои идона ҷараён дошт.
Ташаббуси навбатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки дар якҷоягӣ бо мардум маъракаи сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбиро бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор намуда, ҳамзамон, сарбозони аз хизмати Модар- Ватан баргаштаро бо ифтихору шодмонӣ истиқбол мегиранд, дар мафкурасозии ватандӯстона миёни мардум, ба вижа наврасону ҷавонон нақши муҳим дорад.
Илова бар ин тибқи иттилои Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон бо мақсади баланд бардоштани тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо таҳия ва тасдиқи як қатор нақша чорабиниҳо дар самти ташкилу баргузории маросимҳои оммавӣ, аксияҳои иттилоотӣ, баргузории фестивалу озмунҳои гуногун табдирҳои судманд андешида истодааст. Дар доираи чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ гурӯҳҳои корӣ дар ҳайати роҳбарону намояндагони ташкилоту муассисаҳо, зиёиёну фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ходимони дин бо усули “Хона ба хона” бо сокинони деҳу рустоҳои саросари вилоят суҳбату вохӯриҳои рӯ ба рӯ баргузор намуданд.
-Истиқболи арзанда аз сарбозони ватандӯсти Хатлонзамин, ки қарзи фарзандии худро сарбаландона адо намуда, ба эҳтиёт рухсат мешаванд, аз иқдомҳои навинест, ки шоистаи дастгириву ҳамовозист. Зеро сарбози ихтиёрӣ ба хизмати Модар- Ватан сафарбаргардида мояи ифтихору сарбаландии падару модар, аҳли оила ва кулли ҷомеаи кишварамон аст. Пеш аз муҳлат иҷро гардидани нақшаи даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз руҳияи баланди ифтихори ватандорӣ, ғурури миллӣ ва худшиносиву худогоҳии ҷавонони ватандӯсти мо шаҳодат медиҳад, - иброз медорад Ҷ. Рустамшоҳ.
Тавре мушоҳида мегардид, навору гузоришҳои аз маъракаи даъватшаванда ва маросимҳои идонаи истиқболи сарбозон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз сербинандатарин мавзуъҳои расонаӣ буд. Албатта, илова ба чораҳои таблиғотӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамзамон, дар самти баланд бардоштани сатҳи ватандӯстии ҷавонон дар вилояти Хатлон тарғиби мавзӯи ватандӯстӣ тавассути ВАО, бахусус, телевизион ва матбуоти даврӣ дар мадди аввал меистад. Бинобар ин, барномаву равзанаҳои дар мавзуи ватандӯстӣ бояд бештару бештар бо жанрҳои гуногуни журналистӣ таҳия ва пешниҳоди мардум гардонида шавад. Зеро тарбияи ватандӯстии ҷавонон аз муҳимтарин ҷанбаҳои тарбиявӣ ба ҳисоб рафта, мақсад аз он баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, садоқат ба Ватан, муҳаббат ба сарзамини аҷдодии худ, ҷасорат, шуҷоату далерӣ ва дарки шарафу нангу номус дар замири насли ояндасози кишвар аст.
Натиҷаи ислоҳоту дигаргуниҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сохтмони садҳо майдончаву қасру толорҳои варзишӣ, бунёди маҷмуаҳои фарҳангӣ, муассисаҳои таълимӣ фароҳам овардани шароиту имкониятҳои мусоид барои омӯзиши забонҳои хориҷиву огоҳӣ аз технологияи замонавӣ аз иқдомҳои хирадмандонаи роҳбарияти олии кишвар арзёбӣ мегардад, ки самараи онро имрӯз дар пешрафту дастовардҳои назарраси ҷавонон, ғолибияти онҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ шоҳид гардида истодаем.
Хулоса, дар баробари таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ба хотири таъмини зиндагии шоиставу фароҳам овардани беҳтарин шароитҳои таҳсилу тафреҳ ва рушду нумуи насли ояндаи ҷомеа ва тадбирҳои судманди роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ин самт ҷавонони моро мебояд, ки дар баробари омодагӣ ба хизмати Модар- Ватан, ҳамвора дар раванди таҳсилу аз бар намудани илму ҳунарҳои замони муосир намунаи ибрат бошанд. Бо саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву рушди диёри хеш, таблиғгари арзишҳои муқаддаси миллату ватандорӣ буда, бо заҳмати содиқонаву саъю талош дар арсаҳои корзор сазовори боварии халқу меҳан ва таҷассумгари симои барҷастаи ояндасозони Тоҷикистони соҳибистиқлол бошанд.
Юсуфи Собир
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
Тоҷикистон – Ватанам
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД



