Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Намои асолати миллӣ
“Бегонашавии одоб ва расму ойни либоспўшӣ- бегонашавии фарҳангист, ки истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллатро халалдор месозад”
Эмомалӣ Раҳмон
Либоси миллӣ симои миллӣ ва занону бонувон муаррифгари симои миллатанд. Мутаассифона, вақтҳои охир масъалаи фарҳанги либоспӯшии бархе аз занону бонувони мо боиси нигаронии аҳли ҷомеа гаштааст. Яъне, ҷавондухтарону бонувони тоҷик сарулибоси бегона ба бар карда, онро тарғиб ҳам мекунанд. Махсусан, байни ҷавондухтарон пӯшидани ба истило сатру ҳиҷоб муд шудааст. Сару либоси миллии халқи тоҷик аз беҳтарин намунаи либос маҳсуб меёбад ва чакану адраси мо шуҳрати ҷаҳонӣ касб намудааст. Тавре Пешвои муаззами миллат дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, ки 9 марти соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, изҳор доштанд: “Модарону бонувони мо – тоҷикон тарзи хоси либосҳои миллии худро доштанд ва онро ба мо мерос гузоштаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар баробари зебоиву рангоранги меъёрҳои ахлоқиву эътиқодии мардуми бостонии моро инъикос мекард.”
Таърих собит намудааст, ки худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ, пойдевори бақои ҳар як миллату халқҳои соҳибфарҳанг мебошад. Миллате, ки таърих ва фарҳанги худро пос намедорад, хоҳу нохоҳ ба сарнавишти талху фоҷиабор рӯ ба рӯ мегардад. Ҳар як миллату халқро бо забони модарӣ, либос, фарҳанг ва муқаддасоти миллиаш мешиносанду эътироф менамоянд..
Дар ҷаҳон аксарияти қавму миллатҳое ҳастанд, ки давоми садсолаҳост либоси миллии худро нигоҳ доштанд ва бо вуҷуди тараққиёту рушди замона танҳо либоси миллии худро ба бар мекунанд. Ҳоло бештари занону бонувон, махсусан, ҷавонон зери таъсири хурофоту таассуб мондаанд. Нигаронии аҳли ҷомеа ҳам аз он аст, ки ҷавонони ноогоҳ рӯ ба фарҳанги бегона овардаанд, ки ин оқибат даст кашидан аз фарҳанги миллӣ ва асолат аст.
Дарвоқеъ, шахси соҳибмаърифат наметавонад пойбанди хурофоту ифрот бошад. Либоси миллӣ, бахусус, чакану адрас, ки дорои нақшу садҳо рангҳои зебост, рамзи зебоиву нафосат, шодию сурур ҳам ҳаст, мояи ифтихору сарфарозӣ буда метавонад.
Дар масъалаи либоси миллӣ Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, чунин ибрози назар намудааст: «Мо ҳаргиз муқобили либоси миллии дигар кишварҳо нестем. Аммо либоси миллии мо, фарҳанги мо симои миллии мост. Ва агар либоси миллии мо аз байн равад, симои миллии мо аз байн хоҳад рафт. Ва ҳадафи ин кӯшишҳо ҳам ҳамин аст: аз байн бурдани махсусиятҳои миллии халқи мо”.
Хушбахтона, тайи солҳои охир бо мақсади тарғиби либосҳои миллӣ, ҳисси зебоипарастӣ ва пос доштани фарҳанги миллӣ дар кишварамон тадбиру чорабиниҳои зиёд роҳандозӣ мегардад. Аксияи “Тоҷикона мепӯшем» аз ҷумлаи чорабиниҳои фарҳангиест, ки дар доираи он гулдухтарон бо либосҳои чакану адрас ба фасли зебои баҳор ҳусни дигар зам мекунанд. Либоси миллӣ намои асолати миллист. Бояд меросбари фарҳанги миллӣ бошем, аз тоҷик будан ва либоси миллиямон ифтихор кунем.
Расулова Наргис,
Каримова Сарварбӣ,
омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



