Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
"КОРВОНИ ЗИДДИМУХОДИРОТӢ-2024" ДАР БОХТАР
11-уми июн соли ҷорӣ дар ҳошияи чорабиниҳои муштараки зиддинашъамадии "Корвони зиддимуходиротӣ-2024" дар шаҳри Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар тадбири мазкур муовини раиси вилоят Анзурат Абдусаломзода, намояндагони Агентии назорати нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд ва фаъолону ҷавонон иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати давлатии зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуда, ҳуҷҷати бунёдӣ оид ба банақшагирии чораҳои мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирии нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин ҳуҷҷати асосии ҳамкориҳои самараноки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ барои таъмини амнияти шахсӣ, ҷомеа ва давлат мебошад.

Дар қисмати дигар ба ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намуди волейбол, ки байни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар таҳти шиори "Ҷавонон бар зидди маводи нашъовар!" бахшида ба 26-июн Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сӯиистеъмоли маводи нашъадор ва муомилоти ғайриқонунии онҳо гузаронида шуд, бо ҷом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.
Сипас, ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммаҷонов намоишномаи тарбиявиеро оид ба нашъамандӣ манзури ҷамъомадагон гардониданд.
Дар охир барномаи ҷолиби фарҳангӣ-фароғатӣ низ ба саҳна гузошта шуд.
"САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



