Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ
Ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист, ки ҳамасола 5-уми июн таҷлил карда мешавад, дар вилояти Хатлон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид.
Дар тадбири мазкур муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарафо Қиёмзода ва муовини якуми раиси вилоят Музаффар Мирзозода, роҳбарият ва кормандони соҳа дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, собиқадорон ва фаъолону истифодабарандагони табиат ба ҳам омаданд.

Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо табибати зебою рангин ва олами набототу ҳайвоноти худро ҳифз мекунад, балки баҳри пешбурд ва ҳалли масоили глобалии экологӣ дар арсаи ҷаҳон кишвари ташаббускор аст.
Ҳамчунин баромадкунандагон зикр доштанд, ки Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ пешоҳанги ҳифзи муҳити зист буда, мардуми Тоҷикистонро низ баҳри сарсабзу хуррамгардонии табиати диёр ва тозаю озода нигоҳ доштани он талқин менамоянд.
Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби Саррраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят як қатор кормандони соҳа, собиқадорон, фаъолони аксияву тадбирҳои тозагию сабзкорӣ ва ғолибони озмунҳои экологӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Сипас, озмуни эҷодии “Роҳ ба сӯи ояндаи сабз баҳри таъмини амнияти экологӣ”, ки миёни кормандони Воситаҳои ахбори омма эълон гардида буд, ҷамъбаст гардида, муаллифони маводҳои журналистӣ мукофотонида шуданд.
Ҳамин тавр, дар қисмати фарҳангии ҷамъомади идона санъаткорону ҳунармандони вилоят баромад намуда, бо суруду тарона ва рақсу ҳаҷвия хотири иштирокчиёни чорабинии идонаро болида сохтанд.
“САФО”
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



