Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БОХТАР. 54 ҲОЛАТИ ҚОИДАВАЙРОНКУНӢ ОШКОР КАРДА ШУД
Имрӯз, 4 июн аз ҷониби кормандони милитсияи вилояти Хатлон дар ҳудуди вилоят амалиёти шартии “Чароғаки роҳнамо” гузаронида шуд.
Дар натиҷаи ин амалиёт давоми 4 соат танҳо дар ҳудуди шаҳри Бохтар 54 ҳолати итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо ошкору муайян ва ҳар як ҳолати итоат накардани ронандагон сабту аксбардорӣ карда шуд.
Аз рӯи қоидавайронкуниҳои ошкоршуда, махсусан итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо ронандагон боздошт гардида, ба Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дастрас карда шуда, нисбаташон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Тавре Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дар саҳифаи фейсбукии хеш иттилоъ додааст, иқдоми мазкур бо мақсади ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва бартарафсозии қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ амалӣ карда шудааст.
“Натиҷаи чунин чораандешиҳо буд, ки дар 5 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди роҳҳои автомобилгарди вилоят вазъи садаманокӣ ба таври чашмрас коҳиш ёфта, миқдори садамаҳои нақлиётӣ, ҳалокшудагону ҷароҳатбардоштагон низ кам шудааст”, - навиштааст саҳифаи фейсбукии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон.
С. СУЛТОН
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



