Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҲОСИЛИ ПОЛЕЗИИ ДӮСТӢ ДАР БОЗОР
Полезкорони Ҷамоати деҳоти "Нури Вахш"-и ноҳияи Дӯстӣ ба ҷамъоварии ҳандалаку харбузаи пешпазак шуруъ карданд.
Тибқи иттилоъ, дар 900 гектари заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии ин ноҳия, тарбузу харбуза ва ҳандалак кишт шудааст, ки аз ин шумора 417 гектарашро ҳандалаки навъҳои пешпазак ташкил медиҳад.
Комили Хоҷаёр, сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Дӯстӣ мегӯяд, ки аллакай як ҳафта инҷониб кишоварзон ба ҷамъоварии ин намуди маҳсулот шуруъ кардаанд. Аммо ҳосили тарбуз низ пухта расидаасту пас аз як ҳафта ҷамъоварии он низ оғоз хоҳад гашт.
Бино ба гуфтаи ӯ, деҳқонон ҳамасола бо истифода аз таҷриба, навъҳои пешпазак ва ба ҳаргуна касалиҳо тобоварӣ ҳандалакро интихоб намудаю кишт мекунанд. Ҳамин аст, ки ҳар сол яке аз аввалинҳо шуда, маҳсули дастранҷи онҳо омода шуда, ба бозорҳои кишвар бароварда мешавад.
Бояд гуфт, ки то имрӯз 260 тонна маҳсулоти полезии Ҷамоати деҳоти "Нури Вахш" истеҳсолу ба бозорҳои мамлакат ворид гардидааст.
Полезикорон мегӯянд, чун ҳосили аввал ҳаҷман хурд аст, ҳар як донаи ҳандалакро имрӯз дар саҳро онҳо 6-7 сомонӣ бо нархи яклухт ба фурӯш гузошта истодаанд.
Н. ИСО, "Сафо"
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?






