Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
МАНФИАТИ ҚОҚУ
Гули қоқу худрӯй буда, дар фасли баҳор дашту даман, кӯчаву хиёбонҳо ва гулгаштҳоро зардпӯш мекунад. Ин растаниро дар баробари зебогӣ ва ороиш боз ҷиҳати солимгардонӣ васеъ истифода мебаранд.
Дар решаи қоқу витаминњои А, С, К, дар барги он фосфор, оҳан, калсий, магний ва калий мавҷуд буда, он барои солимии инсон манфиатбахш аст. Витамини А ки дар решаи ин рустанӣ мавҷуд мебошад, дар пешгирии бемориҳои чашм ва бемории сустбинӣ дар пиронсолӣ, инчунин бемории саратон мусоид аст. Витамини С бошад, яке аз беҳтарин давост барои масунияти одам, бемориҳои сироятӣ ва бемории қалб. Набояд фаромӯш сохт, ки калий, оҳан, фосфор барои солимии дандон ва устухон муҳим буда, дар пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳо мусоидат мекунад.
Аксаран бемории шамолхӯрӣ инсонро ба дигар бемориҳо оварда мерасонад. Олимон муайян намудаанд, ки дар таркиби қоқу витамонҳое мавҷуданд, ки дар пешгирии шамолхӯрӣ ва саратони занона мусоидат намуда, дар солимии инсон нақши муҳим мебозад.
Обе, ки дар он қоқу ҷӯшонида шудааст атфолро шӯем, шамолхӯрии пӯсти кӯдакро рафъ месозад, асабро ором намуда, барои хобби бароҳати тифл кумак мекунад.
Қоқу масунияти одамро баланд мебардорад, фишори баландро муътадил мекунад, меъёри холестеринро дар хун паст намуда, инчунин афшураи барги қоқу хусусияти паст кардани табъи баландро дорад, дар бартарафсозии вазни зиёдатӣ муосид аст.
Ин растании шифобахш, ки хусусияти пешобронӣ дорад боз дар бартарафсозии санги гурда ва пешобдон кумак намуда, решаи он гурдаро тоза мекунад, ба системаи асаб ва паст намудани меъёри қанд дар хун нақши муҳим мебозад. Гули қоқу бошад, дар кори рагу дил мусоидат мекунад.
Қабл аз истеъмол ва истифодаи қоқу хуб мешуд аз табибон маслиҳат пурсед. Зеро барои он нафароне, ки аз дарди рӯдаю меъда, захми меъда ва дигар бемориҳо азият мекашанд, истеъмоли қоқу тавсия дода намешавад.
Бояд гуфт, ки кадбонуҳо метавонанд аз гули қоқу мураббо ва дигар намуд шириниҳо омода сохта, баҳри солимии хеш истифода баранд. Барги қоқуи наврустаро ба самбӯсаи алафин ва дигар хӯришҳо илова мекунанд. Барои рафъи талхии он баргҳоро муддати 30 дақиқа дар намакоб нигоҳ медоранд. Дар тибби халқӣ гул, решаи қоқу барои муолиҷаи бемориҳои мухталиф истифода мешавад.
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо



