Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ХАТЛОН. МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД
Фардо, 1 май, дар вилояти Хатлон нахустин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат баргузор мегардад.
Мусобиқаи мазкур бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи парапланеризм ва воситаҳои сабуки парвозии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, инчунин Корхонаи воҳиди давлатии хизматрасонии корпуси дипломатии “Дипсервис” дар доманакуҳҳои ноҳияи Данғара доир карда мешавад.
Дар ин бора сомонаи расмии телевизиони “Варзиш” хабар додааст.
Чуноне манбаъ иттилоъ додааст, дар ин мусобиқаи сатҳи баланди байналмилалӣ зиёда аз 100 варзишгар аз давлатҳои қитъаи Аврупо, мамлакатҳои Амрико, Арманистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Беларус, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Туркия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон иштирок карда, байни ҳам қувваозмоӣ мекунанд.
Парапланеризм як навъ мусобиқаи варзишие аст, ки дар он варзишгарон (чатрбозон) бо воситаи параплан ё парашутҳои махсус дар фазо ба муддатҳои тулонӣ парвоз мекунанд.
С. СУЛТОН
(Акс аз интернет)
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



