Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
НАМОЯНДАГОНИ 40 ДОНИШГОҲИ ХОРИҶИ КИШВАР БА ХАТЛОН ОМАДАНД
Бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода ва намояндагони беш аз 40 донишгоҳҳои олии 14 давлати хориҷи кишвар имрӯз, 24 апрел дар шаҳри Бохтар “Якумин Фестивал намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон – 2024” баргузор гардид.

Муовини раиси вилоят ташрифи меҳмононро ба вилояти Хатлон хайра мақдам гуфта, зимни баромади хеш қайд кард, ки дар давоми се соли охир аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон зиёда аз 1590 нафар хонанда барои идомаи таҳсил ба муассисаҳои олии хориҷи кишвар дохил шуда, кабсҳои гуногунро аз худ карда истодаанд.

Феълан дар вилояти Хатлон 1376 муассиса таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дошта, дар онҳо 867 ҳазор хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ба ин миқдор хонанда 47 ҳазор омӯзгорони баландихтисос таълим дода истодаанд.
Сипас намояндагони беш аз 40 донишгоҳҳои олии хориҷи кишвар муассисаҳои олии хешро муаррифӣ карда, хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Хатлонро барои идомаи таҳсил ба донишгоҳҳои хеш даъват намуданд.

Ҳадаф аз баргузории ин фестивали сатҳи баланд табудули таҷриба миёни макотиби олии мамлакат бо донишгоҳҳои олии хориҷи кишвар арзёбӣ гардид.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР


