Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
"ЗАНИ ШАРҚӢ"
Бо чунин унвон китоби дуюми шоираи ширинкалом Зебунисо Қосимова, ки бо тахаллуси Интизор шеър мегӯяд, рӯи чоп омадааст.
Ин маҷмӯа дар муассисаи нашриявии "Адиб"-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор гардид, пешкаши ҳаводорони каломи бадеи ин шоираи соҳибистеъдод гардидааст.
Маҷмуаи аввалини Зебунисо Қосимова соли 2020 бо номи “Ҳадисе аз шукуфтанҳо” ба дасти хонандагон расида буд.
Дар маҷмуаи дуюмаш Зебунисо Қосимова дар тамоми жанрҳои шеърӣ қувваозмоӣ намуда, ба комёбиҳои беназире ноил гардидааст. Дар “Зани шарқӣ” Зебунисо Қосимова тароватҳои дили як зани эҷодкорро фароҳам оварда, дар онҳо муҳаббати пок, муҳаббат ба Ватан ва васфи манзараҳои ин диёри зеборо ошиқонаву содиқона тараннум намудааст.

Ёдовар мешавем, ки Зебунисо Қосимова ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” буда, ба ҳайси директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кору фаъолият намуда истодааст.
С. СУЛТОНОВ
Дар зер аз эҷодиёти ин шоираи ширинкалом шеъреро бо номи Зани шарқӣ пешкаши ҳаводорони каломи бадеъи ин шоираи нозукхаёл менамоем.
ЗАНИ ШАРҚӢ
Агар ман як зани шарқӣ намебудам,
Агар ойин садди роҳам намегардид,
Раҳо кай карда будам дар миёни кӯча танҳоят?
Сари ҳар як қадам бо остинам пок мекардам
Ғубори роҳ аз поят.
Раҳо кай карда будам бо дигарҳо гуфтугӯятро?
Намемондам
Барад бар сӯи занҳо боди ҳарҷогард бӯятро.
Насиме сила созад тори мӯятро.
Дилам хоҳад туро ҳар ҷо, ки бошӣ ҳамсафар бошам,
Туро ҳар ҷо, ки бошӣ дар назар бошам.
Бароят болу пар бошам,
Агар хуршедӣ аз дастам намеояд,
Чу абре соябон болои сар бошам.
Агар ман як зани шарқӣ намебудам...
Туро ҳамроҳ будам ман,
Набудам интизори он, ки кай аз роҳ меоӣ.
Валекин шарқ шарқ аст, оҳ,
Ману як қалби пур аз интизору роҳу раҳпоӣ.
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



