Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҲАҚНАЗАР ҒОИБ
МОДАР
Фарзандҳои мо ҳама ҳамҷони модаранд,
Аз ранҷи зоду ҳастии хандони модаранд.
Садҳо бузург саҷдагари хоки пояшон,
Зеро ҳама бузург бузургони модаранд.
Дар пешашон сарою саморо магў баланд,
Паст он ҳама зи арши пурармони модаранд.
Аз хурд то калон таги ин чатри чархи пир
Парвардае зи ширу лаби нони модаранд.
Гарчи набуд модаре пайғамбари Худо,
Пайғамбарон зи ҷаннати домони модаранд.
***
Модар, ту сутуни хонадон будастӣ,
Ободии хонаи ҷаҳон будастӣ.
Зодан, ки будаст асос, эй модари ҷон,
Ту аслу асоси ҷисму ҷон будастӣ.
Модар, модар ба ҷон баробар, модар,
Хуршеди сабоҳи меҳрпарвар, модар.
Хуршед, ки ҳар саҳар барояд ба ҷаҳон,
Кай бардорӣ зи хок ту сар, модар?
Модар, зи ту буд файз дар хонаи ман,
Аз меҳру садоқати ту ганҷинаи ман.
Хуршед ба хонаам зи дидори ту буд,
Хуршед бирафт бе ту аз хонаи ман.
ВАФОИ МОДАРӢ
Кош бошад модарам бо ҷабрҳои модарӣ,
Ҷабрҳое, ки бувад меҳру вафои модарӣ.
Меҳри дунё ҳеҷ дар пеши ҷафое, ки зи уст,
Кош, дунё ҳам раво бинад ҷафои модарӣ.
Дар ҷазои модарӣ бошад ҳалимӣ, эй фалак,
Кош бошад дар ту ҳам ин сон ҷазои модарӣ.
Бо садои қаҳргинаш раҳми дил якҷо бувад,
Раҳми дил ёбад ҷаҳон кош аз садои модарӣ.
«Аллаи модар» фароғат оварад дар ин ҷаҳон,
Эй ҷаҳон ! Омўз раҳм аз «Аллаҳо»- и модарӣ.
Шири модар чашмаи умр асту кўрӣ мекунад
Он худоҷўро, ки нашнохт ин атои модарӣ.
Саҷдаҳо бурданд модарро ҳама пайғамбарон,
То ризои Ҳақ биёбанд аз ризои модарӣ.
Рав дуои модаратро гир, эй дилҷўйи Ҳақ,
Файзи зоти покро ҷў аз дуои модарӣ.
Меҳри дунё ҳеҷ бошад пеши «ҷабр»-е, ки зи уст,
Бояд омўзад ҷаҳон ҷабру ҷафои модарӣ.
РОҲАТИ РЎЗГОРИ МАН, МОДАРИ
ҶОНИ ҶОНИ МАН
Роҳати рўзгори ман, модари ҷони ҷони ман,
Хонаи ганҷбори ман, модари ҷони ҷони ман.
Шеъри ману китоби ман, модари ҷони ҷони ман,
Гармии офтоби ман, модари ҷони ҷони ман.
Тори таронаи дилам, сози ягонаи дилам,
Нур ба хонаи дилам, модари ҷони ҷони ман.
Меҳри Худою доварам, ҳодияму мададгарам,
Роҳнамою раҳбарам, модари ҷони ҷони ман.
Чашми ба роҳи ту маро дар ҳама ҷо мададгаро,
Эй ҳама тан дилу вафо, модари ҷони ҷони ман.
Ранҷ барӣ барои мо, дар раҳи муддаои мо,
Меҳри ту раҳкушои мо, модари ҷони ҷони ман.
Кулии орддор пур, як сабад аз анор пур,
Хонаи баччадор пур, модари ҷони ҷони ман.
Ҷойнамози тоатат аз мани беибодатат,
Кай зи ман аст роҳатат? Модари ҷони ҷони ман.
Сояи туст бар сарам давлати бахтпарварам,
Аз ту хазинаи зарам, модари ҷони ҷони ман.
Ман Ҳақи ҳақгузори ту, баччаи номдори ту,
Тифлаки беқарори ту, модари ҷони ҷони ман.
ЗИННАТИ РЎЙИ ЗАМИН
АЗ ҲУСНИ РАФТОРИ ЗАН АСТ
Зиннати рўйи замин аз ҳусни рафтори зан аст,
Ин ҷаҳону он ҷаҳон равшан зи дидори зан аст.
Соҳиби ганҷинаи асрор он кас, ки варо
Доимо дар гўшаш овози пурасрори зан аст.
Гарм медорад дили моро ба ҳар рўзи Худо,
Шаб чароғи хонаи мо чашми бедори зан аст.
Рўзу шаб бахшад ҳарорат дар тани сарди ҳаёт,
Офтоби зиндагӣ аз нури рухсори зан аст.
Олими лаззатшиносӣ гар, бидон, ки дар ҷаҳон
Ҷамъи лаззатҳо ба ширинии гуфтори зан аст.
Ҳар кӣ худ озод аз зан гуфт, банди ҷаҳл ўст,
Ҳамди он кас, ки ба сад ҷонаш гирифтори зан аст.
НИГАҲИ ТАШНАИ МО ҲАР НАФАСЕ
СЎЙИ ЗАН АСТ
Нигаҳи ташнаи мо ҳар нафасе сўйи зан аст,
Ишқи мо шуълае аз дидаи ҷодуйи зан аст.
Рўзгорони хуши мо зи хушии суханаш,
Беҳтарин ганҷи сухан аз ҳаваси рўйи зан аст.
Нафаси гармаш агар нест, ҷаҳон сард бувад,
Гармии зиндагӣ аз хандаи дилҷўйи зан аст.
Рўзи боронии мо хотири бигрифтаи зан,
Рўзи хуршедии мо аз рухи хушрўйи зан аст.
Ақлкўтоҳ магӯед варо, ҳарфи хатост,
Ақли дунё ҳама дар чашми сухангўйи зан аст.
Азалӣ хурду бузурганд гирифтор ба зан,
Ҳалқаи пойи ҳама мард зи гесўйи зан аст.
РУБОИЁТ БАРОИ МОДАР
Ин хурду калон зи туст, модар, модар,
Ин ному нишон зи туст модар, модар,
Бе ҳастии ту ҷаҳон надорад ҳастӣ,
Ҳастии ҷаҳон зи туст, модар, модар.
Яктост ба мо замину яктост само,
Яктост зи доди чарх хуршед ба мо.
Мисли ҳама он чи ки ба дунё яктост,
Бо меҳри Ватан ба мост модар, якто.
Модар, некӣ ба даҳр мероси ту аст,
Хубӣ ба ҳама неку бадон – хоси ту аст.
Ихлос маро ба хизмати халқу Ватан
Аз ҳурмати шири поку ихлоси ту аст.
Модар, модар, ягона ғамхор тўӣ,
Шабҳо бари маҳди тифл бедор тўӣ.
Дунёст чу тифли ғашу бо меҳри бузург
Дунёи чу тифлро парастор тўӣ.
Модар, дили поки ту ҷаҳони дигар аст,
Дорои замину осмони дигар аст.
Мўят, ки зи ранҷи модарӣ гашт сафед,
Чун субҳи сафеди умру бахти башар аст.
Модар, модар, ба синаҳо ҷои туст,
Лабхандаи тифлакон зи ғамҳои туст.
Дунёи бузург аз ҷаҳонҷўст агар,
Дунёи бузурги тифл дунёи туст.
Модар, ба замин замини ҷони писарӣ,
Бо меҳри баланд осмони писарӣ.
Бе шоҳсутун бақо надорад хона,
Ту шоҳсутуни хонадони писарӣ.
Модар, модар, ба ҷон баробар, модар,
Хуршеди сабоҳи меҳрпарвар, модар.
Хуршед, ки ҳар саҳар барояд ба ҷаҳон,
Кай бардорӣ зи хок ту сар, модар?
Бигзашт бароям аз тарабҳо, модар,
Заҳмат бикашид ҳама шабҳо, модар,
Дар чашми писар бидид дунёяшро,
То чашми писар бидид дунё, модар.
Модар, модар, чароғи шомафрўзам,
Ғамхораму ғамгусораму дилсўзам.
То зинда будӣ сўхтӣ аз боиси ман,
Акнун сари хокдони ту месўзам.
Модар, бе ту сафои ман рафт зи ман,
Фасли гули бебаҳои ман рафт зи ман.
То будани ту ҷавон будам, ин айём
Бо чеҳраи хандазои ман рафт зи ман.
Эй кош, ба тозагӣ дар ин дайри куҳан
Хезад ҳама ҷо гул аз умеди дили ман.
Оғоз зи батни модар асту эй кош
Анҷом маро насиб кунад хоки Ватан.
Модар, модар, модари ғампарвардам,
Ғамхораму ғамгусораму ҳамдардам.
Буд аз ту маро фароғати дунёӣ,
Гум карда туро фароғатам гум кардам.
Модар, модар, туро, ки лахти ҷигарам,
Бошад зи вафою меҳр даргоҳу дарам.
Ту дар ғами ман хурӣ ғами дунёро,
Аз меҳри ту ман дар ғами бахти башарам.
Лабхандаи хуршед чи бошад бе ту?
Сарчашмаи умед чӣ бошад бе ту?
Сарчашмаи зиндагии ин ҷовид туӣ,
Сарманшаи ҷовидон чи бошад бе ту?
Гул дода ба мо ба худ хазон овардӣ,
Дар фасли баҳори мо ту ҷон овардӣ.
Аз ранҷ сафед гашт мўят модар,
То субҳи сафед бар ҷаҳон овардӣ.
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР