Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ "САД РАНГИ ЧАКАН" БАРГУЗОР ГАРДИД
Дар қалби Тоҷикистон, пойтахти мамлакат, шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни "Сад ранги чакан" баргузор гардид. Дар ин озмун аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ, аз ҷумла аз вилояти Хатлон ҳунармандону чакандӯзон иштирок намуданд.
Беҳтарин чакандӯзони чирадасту моҳир тахайюлоти рангини хешро рӯи матоъҳои абрешимӣ оварда, беҳтарин гулдӯзиҳои нотакрору қашанг ва дидараборо пешкаши ҳозирин гардониданд.
Дар ҷамъомад зикр гардид, ки чакан таърихи қадима дошта, нишон аз фарҳангӣ бою миллати куҳанбунёди тоҷик маҳсуб меёбад. Анъанаи чакандӯзию чаканпӯшӣ аз насл ба наслҳо ба мерос монда, дар шакли тозаву ҷаззоб то замони мо расидааст. Дар гузашта чакан либоси ашрофону одамони доро маҳсуб меёфт. Имрӯз чакани тоҷикӣ ифодакунандаи рангҳои тозаи зиндагӣ, хушию хуррамӣ, зебоиву сафо, офтоби тобон, шодию сурур аст.

Бо талошҳои бевоситаи Ҳукумати кишвар 29 ноябри соли 2018 Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО–Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаласаи солонааш чаканро ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил кард.
Маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ бо талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёи арзишҳои фарҳангиву миллӣ муяссар гардид. Дар даврони истиқлолият санъати чакандӯзӣ рушд намуда, шуҳрати тоза касб намуд. Дар кишвар, аз ҷумла вилояти Хатлон даҳҳо чорабиниҳои фарҳангӣ марбут ба эҳё ва рушди санъати чакандӯзӣ баргузор мегарданд, ки ҳадаф аз он ташвиқу тарғиби либоси миллӣ, тарбияи завқи зебоипарастӣ мебошад. Фестивали «Сад ранги чакан», «Ҷилваи чакан», «Хандаи ҳусн», «Ҷилои рангҳо», “Тоҷикона мепӯшем” ва даҳҳо чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятиву дигар аз ҷумлаи тадбирҳоест, ки тарғибгари фарҳанги асили миллии мост.

Инчунин дар вилояти Хатлон марказҳои чакандӯзӣ ифтитоҳ гардида, ҳунармандон намунаҳои зебову замонавии онро пешкаши занону бонувон мегардонанд.
Дар замони истиқлолияти давлатӣ бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон шаъну шукӯҳи чакан хеле баланд гардидаст.
Айни замон чакани тоҷикӣ марзҳоро убур намудаву диққати хориҷиёнро ба худ ҷалб намудааст. Чакан ҳамчун муаррификунандаи фарҳанги миллӣ дар намоишгоҳу ҷашнвораҳои фарҳангии хориҷ аз кишвар ба маърази тамошо гузошта мешавад.

Даври ҷумҳуриявии озмуни "Сад ранги чакан" дар як сатҳи баланд баргузор гардида, ҳунармандон бо Диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
"САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



