Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТР
Ҳамдиёрони азиз!
Ҳамаи шуморо бо фарорасии Иди саиди Фитр, ки яке аз суннатҳои муҳимми маънавии мардуми мусулмон ва нишонаи эҳтирому гиромидошти оини деринаи халқамон бар пояи мазҳаби ҳанафӣ ба шумор меравад, самимона таҳният гуфта, ба хонадони ҳар як сокини вилоят саодату тандурустӣ ва рӯзгори ободу осударо орзумандам.
Бо шукргузорӣ аз фазои тинҷию оромӣ, истиқлолу озодӣ ва осоишу суботи кишвар, ки бо заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, мардуми сарбаланди кишвари азизамон, аз ҷумла сокинони вилояти Хатлон, Иди саиди Фитр ва дигар ҷашну маросими миллиамонро таҷлил менамоем.
Қобили зикр аст, ки моҳи Рамазон ва Иди саиди Фитр бо фазилатҳои хеш инсонро ба роҳи рост, парҳезгориву хайру савоб, риояи адолату баробарӣ, бахшидани гуноҳҳои якдигар ва пок сохтани зоҳиру ботин ҳидоят менамояд. Аз ин ҷост, ки донишмандон бо такя ба ин амалҳои нек даъват менамоянд, ки ҳарчи бештар некӣ кунанд, собиру ботаҳаммул бошанд, бо ҳамдигар муносибати хайрхоҳона ва хушбинона дошта бошанд. Барои вусъат додани амалҳои хайру савоб дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоату бесаробонмонда, ниёзмандону дармондагон ва наздикону пайвандон рамазон фурсати бузургест, ки савоби амалҳо дар он зиёдтар ва дарвозаҳои хайр барои хоҳишмандону дӯстдорони он кушода мегардад.
Зеро ҳар нафаре, ки дар ин моҳи муборак дасти афтодаеро бигирад, ҳоҷати барҷомондаеро барорад, савобаш аз тавофи хонаи Каъба камтар нахоҳад буд. Ба андешаи Пешвои миллат: «Рамазон моҳи хайру сахо, сабру таҳаммул ва айёми кушода шудани дарҳои раҳмати Худованд буда, ба инсонҳо устувориву пойдорӣ ва парҳезгорию қаноатро меомӯзад, имонашонро комил ва иродаашонро қавӣ мегардонад».
Зикр кардан бамаврид аст, ки шахсони соҳибҳиммат ва соҳибкорони соҳибташаббуси вилоят имсол низ ба шахсони якаву танҳо ва ниёзмандону маъюбон мувофиқи тавону имконият кӯмак намуда, анъанаи насли калонсолро идома доданд.
Бо қаноатмандӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба онҳо изҳори миннатдорӣ намуда, боварӣ дорем, ки сафи чунин ашхоси савобҷую саховатпеша афзун мешавад.
Ҳамзамон, итминон дорем, ки тамоми сокинони андешаманди вилоят фитри рузаро ба оилаҳои ниёзманд ва ятимону барҷомондагон дода, ба шарофати ин амали неки худ соҳиби раҳмату савоби зиёд мегарданд. Зимнан, ҳама гуна хайру меҳрубонӣ ба ятимону дармондагон, ки дар арафа ва рузи ид чашми умед ба суи мову шумо духтаанд, қарзи инсонии ҳар фарди инсондуст аст.
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат агар мардуми тавонои як деҳа ё маҳалла дасти як оилаи нотавону муҳтоҷро гирад, дар ҷомеа фазои меҳрубониву самимият боз ҳам густариш меёбад. Аз тарафи дигар, мо бо ин рафтори худ ба фарзандонамон боз як сабақи одамгариву инсондустӣ медиҳем.
Ҳамдиёрони азиз!
Имрӯз ҷаҳони муосир дар вазъияти ниҳоят ҳассос ва пешгӯинашаванда қарор дорад. Мову шумо, аз ҷумла падару модаронро зарур аст, ки бо дарки вазъи бамаломада ҳифзи арзишҳои миллӣ, фарҳангу ахлоқи ҳамида, таълиму тарбияи фарзандон ва дар рӯҳияи таҳаммулгароиву ватандӯстӣ ҳидоят намудани онҳоро ҳамчун масъалаи меҳварӣ мавриди таваҷчуҳи доимӣ қарор дода, ба ташаккули тафаккури зеҳнию маънавӣ, худшиносии миллӣ ва боло рафтани маърифати ҳуқуқии онҳо таъсири мусбӣ гузорем.
Воқеан, дар замони муосир халқу миллатҳо бо роҳи омӯхтану ихтироъ кардани илму дониш ва техникаву технологияҳои муосир кӯшиш мекунанд, ки дастовардҳои фарҳангӣ ва манфиатҳои миллию давлатиро аз таҳдиди ҷаҳонишавии манфиатҳо ва сӯйиистифодаи арзишҳо ҳифз намоянд.
Вобаста ба ин, ҳар фарди ин сарзамин бояд таъриху забон ва фарҳангу тамаддуни ғании миллатамонроҳифз намуда, аз ғановати аслию маънавии он ифтихор дошта бошад, зеро аҷдодони мо барои рушди илму фарҳанг ва тамаддуни башарӣ, инчунин, ҳифзи асолати дини мубини ислом хизмати басо арзишманд карда, дар олами ислом ҷойгоҳи сазоворро соҳиб гардидаанд.
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
АВФ – ОҒОЗИ САҲИФАИ НАВИ ЗИНДАГӢ
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД
1147 НАФАР АЗ МУАССИСАИ ИСЛОҲИИ №3/6-И НОҲИЯИ ЁВОН БА ОЗОДӢ БАРГАШТАНД



