Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Суманак зеби баҳор аст
Бо фаро расидани фасли баҳор мо, занҳо бештар ба пухтани таомҳои миллӣ шуруъ мекунем. Далда, оши бурида, гандумҷӯш, ойлова, биринҷоба ва суманак аз ҷумлаи онҳост. Ҷашни Наврӯзро бидуни суманак тасаввур кардан номумкин аст. Барои омода кардани он 10-15 рӯз вақт лозим мешавад. Қаблан гандумро тоза карда, дар оби хунук 3 рӯз нигаҳ медорем. Пас аз он гандуми нешзадаро дар табақ ё лаълие тунук карда, то сабзидан ҳаррӯз об мепошем. Баъди неш зада сабзидан, майсаи онро қимма карда, шираи гандуми сабзидаро ҷафида мегирем.
Суманак низ ду навъ мешавад-кулчагӣ ва атолагӣ. Барои суманаки кулчагӣ омода кардан, ордро бо равған ва шираи майсаи гирифташуда ҳамроҳ мекунем. Онро дар тоба сангҳои махсус мепазем. Аммо навъи дуюм қариб дар як шабонарӯз омода мешавад. Онро ҳам ба мисли аввал бо орду каме равған қаблан дар дег гарм карда, шираи куфташудаи гандумро ҳамроҳ мекунию наздик ба як шабонарӯз ҷӯшонда, бо навбат каф мезананд, то таги суманак ба дег начаспад.
Хуллас, дар умри 80 солаи худ пухтани тамоми номгӯи таомҳои миллиро аз худ кардаам, ҳоло бошад ба келину фарзандону наберагон ин корро мекунанд. Танҳо аз шавқ, гоҳо барои пухтани ин ё он таоми миллӣ ба онҳо кумак мекунам.
Баъзан бо кампирҳои ҳамсоя якҷо нишаста, давраҳои ҷавонии худро ёд меорем. Гулдухтарон ҳам моро ҳамроҳӣ мекунанд. Мо таблаку доира ва лабчанг навохта, сурудхонӣ мекунем, гулдухтарон бошанд аз ҳавас рақсу бозӣ менамоянд.
Муродбегим Қурбонова
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!


