ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Ҳамдиёрони азиз!
Наврӯз, ки яке аз қадимтарин ва азизтарин ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, бо мурури замон ба иди дар ҳақиқат халқӣ мубаддал шудааст, аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона - дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад.
Ин ҷашни бузург бо шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон на танҳо ба мақоми расмӣ соҳиб гардид, балки бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми байналмилалӣ касб кард ва имрӯз дар саросари олам таҷлил карда мешавад.
Яке аз рукнҳои маъмулу писандидаи Наврӯз, ки имрӯз сайри ҷаҳон дорад, ба дидори ҳам расидан, дасти сахову меҳр доштан, оғӯши гарм кушодану даст ба дасти ҳам додан ва ғаразу бухлу кинаро аз қалбҳо берун намудан мебошад.
Мехоҳам бо ин андешаҳои некхоҳонаи гузаштагони тамаддунофари хеш тамоми сокинони сарбаланду созанда ва ободкору садоқатпешаи вилояти Хатлонро ба фаро расидани фасли кушоишу эҳё, ки исмаш Баҳору Наврӯз аст, самимона муборакбод намоям.
Таманнои онро дорам, ки ин фасли мунаввар ба хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ зебоиҳои нотакрор, дасту бозуи тавонои ободкориҳо, файзу баракати рӯзгор ва меҳнати аҳлонаро барои офаридани неъматҳои ниёзи аввал ато фармояд.
Маҳз бо талошҳои созанда ва тамаддунофарии Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую ормон, расму ойин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии на танҳо миллати тоҷик, балки сокинони ҳавзаи Наврӯз гардид. Имрӯз сокинони сайёра дар мавриди Наврӯз медонанд ва ин ҷашни аҷдодии моро бо ифтихор ва сарфарозӣ ҳамчун иди баҳор, эҳёи табиат ва фарорасии соли нав ба таърихи халқи худ ворид намуда, онро бо ифтихор истиқбол мегиранд.
Эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ барои баланд бардоштани руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон бисёр муҳим мебошад.
Бо шарофати соҳибихтиёрӣ мо арзишҳои бостонӣ ва расму оинҳои неки миллиамонро эҳё карда, онҳоро ба хотири баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва муаррифии шоистаи халқи куҳанбунёдамон дар арсаи ҷаҳон ҳифз мекунем. Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, Чакан аз ҷумлаи ҳамин неъматҳои ғайримоддии фарҳангӣ мебошанд.
Наврӯз, ки ифодаи бедориву зиндашавии табиат мебошад, на танҳо достони омадани баҳор, балки, ҳамчунин, эҳёву иқдомоти навин аст. Боиси ифтихору фараҳмандист, ки бо ташаббуси оламгири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи якуми Наврӯз – 21 март ҷаҳониён Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро ҷашн мегиранд. Яъне аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълон шудани 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, дар пасманзари Иди Наврӯзи байналмилалӣ беҳикмат набуда, нишон аз арҷгузории ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла СММ, ба фарҳанг, таърих, осори ниёгони миллати тоҷик, махсусан ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат мебошад. Ин иқдоми беназири Сарвари давлати мо ба ҷаҳониён паём медиҳад, ки об ва Наврӯз – ду сарчашмаи ҳаёти башар мебошанд.
Агар ба таърихи Наврӯз нек нигарем, ба дурустӣ пайдо менамоем, ки «Наврӯз дар давоми умри чандинҳазорсолаи хеш бурду бохт, барору нобарориҳои зиёдеро аз сар гузаронида, ҳамчун рамзи безаволи тамаддуни ориёӣ бо мазмуну муҳтавои зиндагисози худ то имрӯз ҳангоми аз бурҷи Ҳут ба бурҷи Ҳамал ворид шудани офтоб ва фарорасии рӯзи эътидоли баҳорӣ бо номҳои иди рӯзи нав, оғози сари сол, эҳёи табиат ва бедории замин аз канораҳои Вароруд то Халиҷи Форс ҷашн гирифта мешавад».
Яке аз ойинҳои дигари Наврӯз оғози киштукори баҳорӣ, мавсими нави чорводорию боғу токпарварӣ, зироату заминдорӣ аст. Бояд таъкид созам, ки чор унсури ҳастии дунё - об, оташ, бод, хок дар вилояти мо ба фаровонӣ мавҷуд буда, оби ҷонбахш, замини зархез, гармии муътадил ва боди фораму ҳаловатбахшро дорем. Фақат истифодаи самараноки замину об ва дигар захираҳои мавҷударо бояд ташвиқ кунем ва ба фарзандон таълим диҳем.
Мардуми вилоят дар қатори дигар сокинони сарбаланди Тоҷикистон дар остонаи ҷашни мубораку фархундаи миллию давлатӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Дар ин росто, Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 ва мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишварро (09.03.2024) ҳамчун Барномаи амал бояд ба кор гирем.
Бо ҳисси ифтихору фараҳмандӣ аз таъкиди Сарвари мамлакат ёдовар мешавем, ки гуфтанд: «Ман ба қудрати созандагиву офарандагии мардуми сарбаланди тоҷик эътимод дорам ва як нуқтаро дилпурона изҳор менамоям: Мо ҳама иқтидору имкониятҳоро дорем, ки раванди ободкориву созандагиро беш аз пеш густариш бахшем, барои расидан ба ҳадафҳои миллиамон кӯшишу ғайрати бештар намоем, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ камбудиҳои мавҷударо бартараф кунем, рушди устувору босуботи кишвари азизамонро таъмин созем ва рӯзгори ҳар як хонадони Тоҷикистонро аз имрӯза беҳтар гардонем».
Боварии комил дорам, Наврӯзи фархунда, ки Соли нави аҷдодии мо маҳсуб меёбад, оғози марҳилаи нави таҳаввули азим дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистони маҳбуб мегардад ва дар роҳи татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакатамон қадамҳои устувор гузошта мешаванд.
Чунон чи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар таъкид намуданд, ки барои пешгирӣ ва бартараф намудани исрофу зиёдаравиҳо ҳангоми гузарондани анъана ва ҷашну маросими мардумию динӣ, аз ҷумла маросимҳои ҳоҷибинону ҳоҷиталбон, зиёфатҳои пурхароҷот, пайравӣ аз хурофоту одатҳои беасос, бегонапарастӣ ва баръакс барои тарғибу ташвиқи фарҳанги пурғановати миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихору сарфарозӣ аз истиқлолу озодии Тоҷикистони азиз аз ҳамаи имкону захираҳои мавҷуда бояд истифода барем.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб, бори дигар сокинони меҳнатқарини вилояти Хатлонро ба муносибати ҷашни бузурги аждодӣ - Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфта, ба онҳо бахту саодат, хайру осоиш, некуаҳволӣ ва ба диёри арҷмандамон пешрафту шукуфоии пайваста орзу менамоям.
Бигзор, ки Наврӯзи имсола барои тамоми мардуми Тоҷикистони азиз файзу эҳсон ва баракату нусратро насиб гардонад.
Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий