Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ҳуқуқҳои худро бояд донем
Соли 2024 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳуда “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон нашуда аст. Мақсад аз ин иқдом баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аст. Агар шаҳрвандон ҳуқуқҳои хешро ба хубӣ бидонанд, чандин омилҳои номатлуб аз ҷомеъа худ ба худ аз байн хоҳад рафт. Яке аз ин омилҳо ин даст задан ба ҷиноятҳои коррупсионӣ мебошад.
Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон, аҳолӣ ё шаҳрвандон дар пешгирӣ аз ҳаргуна омилҳои ғайриқонунӣ бо мақомотҳои давлатӣ аз ҷумла амниятӣ ҳамкориҳои зич доранд ва ифтихор мекунанд, ки вазифаи шаҳрвандияшонро иҷро кардаанд. Бале пешгирӣ аз ҳаргуна ҷиноят ва омилҳои номатлуб вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванд аст.
Агар дар ин раванд шаҳрвандон ба мақомот кумак накунанд, пешгирӣ ё кушодани ҷиноят, аз ҷумла ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ дошта мушкил аст.
Хадамоти назорати давлатии тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки назорати иҷрои қонунгузории кишвар, фармоишу қарорҳои Вазорати танудурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар соҳаи тандурстӣ мебошад, ҳамеша ба ҳамкории шаҳрвандон умед мебандад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо коррупсия” ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои ҷамъият, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти мўътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, поктинатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ равона гардида, асосҳои ташкилию ҳуқуқии пешгирӣ, ошкоркунӣ, кушодан ва барҳам додани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсро муқаррар карда, навъҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва чораҳои ҷавобгариро барои онҳо муайян менамояд.
Коррупсия – кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд. Инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ. Дар ҳамин қонун ҳамчунин омадааст, ки муқовимат ба коррупсия – фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, дар доираи ваколатҳо ва вазифаҳои худ, инчунин шахсони воқеӣ дар самти пешгирии коррупсия, аз ҷумла оид ба ошкор ва бартарафсозии омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия (пешгирии коррупсия), дар самти ошкор кардан, кушодан, рафъ намудан ва тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ (мубориза бо коррупсия), оид ба кам ва бартараф намудани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, дар самти мусоидат дар пешгирӣ, ошкор кардан, кушодан, рафъ намудан ва тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон ҳамеша кӯшиш мекунад, ки муассисаҳо дар асоси қонунгузории кишвар, аз ҷумла Кодекси тандурустӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, сатҳу сифати хизматрасонии тиббиро баланд бардоранд ва ба корафтодаҳо хизмати софдилона расонанд.
Аммо мебояд, ки шаҳрвандон низ аз ҳуқуқҳои хеш огоҳ бошанд ва барои рушди соҳаи тандурустӣ бетараф набошанд. Бояд гуфт, ки ҳамаи намуди ёрии аввалини тиббӣ ба шаҳрвандон дар ҳамаи муассисаҳои тандурустӣ новобаста аз шакли фаъолияташон ройгон расонида мешавад. Шахсони камбизоат, маъюбони гуруҳи якум ва дуюм мувофиқи қонунгузории кишвар метавонанд аз имтиёзҳо истифода баранд. Мувофиқи қарори 600-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои давлатии тандурустӣ ҳуқуқ доранд, ки хизматрасонии пулакиро низ ба анҷом расонанд. Талабот ин аст, ки қарори мазкур бояд дар ҳамаи муассисаҳои соҳаи тандурустӣ дар ҷойи намоён насб шуда бошад ва дар он нархномаи ҳамаи хизматрасониҳои пулакӣ нишон дода шуда бошад. Яъне шаҳрвандонро зарур аст, ки пеш аз муроҷиат ба табибон ба ин номгӯйи хизматрасониҳо ва арзиши онҳо шинос шаванд. Дар ҳолати аз тарафи масъулини муассисаҳои тандурстӣ талаб кардани маблағ ё дигар намуди инъом аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ба Хадамоти назорати давлатии тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муроҷиат намоянд. Рақамҳои боварии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зерсохторҳои он дар ҳама муассисаҳои соҳаи тандурстӣ насб карда шудааст.
Шайхаҳтам Саъдуллозода,
муовини сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии
тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА НОҲИЯИ БАЛҶУВОН 13:44РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ СОХТМОНИ ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТӢ БАРОИ ОИЛАҲОИ КАМБИЗОАТ ВА БЕСАРОБОН ДИДАН НАМУД 13:40БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ХОЛИЁН” 13:33РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “СУРУШ” ДИДАН КАРД 11:11САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА ХОВАЛИНГ 10:12ХУДКУШӢ АЗ НИГОҲИ ИСЛОМ 11:01Ғазал аз китоби “Номаҳои ғурбат” 10:57ХӮРИШИ АНГУР 10:55
Серхонандаҳо
Омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав ғолиби озмуни байналмилалӣ шуд
КӮЛОБ. 1,2 КИЛОМЕТР РОҲ ТАЪМИРИ АСОСӢ ШУД
ЁВОН. БУНЁДИ 60 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ ИДОМА ДОРАД
МАВСИМИ ПОЛЕЗӢ ОҒОЗ ШУД
Кӯлоб. 324 оила соҳиби оби тозаи нӯшокӣ шуд
Хатлон. Ташрифи сайёҳон зиёд шудааст
Ҷ. Балхӣ. Мавсими ҷамъоварии пилла оғоз гардид
Таҷлили 80-солагии Рӯзи Ғалаба дар вилояти Хатлон
Рӯзгори ибратомӯз
Кӯлоб. Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил карда шуд