Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАТБУОТ ДАР ХАТЛОН
Имрӯз, 11-уми март дар Қасри фарҳанг ва иттилооти шаҳри Бохтар Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил карда шуд.
Дар ҳамоиши ҷашнӣ рӯзноманигорону собиқадор, сармуҳаррирони нашрияҳои вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ, муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳо, ноширон ва дигар кормандони воситаҳои ахбори оммаи чопию электронӣ ширкат варзиданд.
Қабл аз ифтитоҳи расмии чорабинӣ намунаҳои рӯзномаю маҷаллаҳои вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва нашрияҳои соҳавӣ ба намоиш гузршта шуд.
Муовини раиси вилоят Анзурат Абдусаломзода, аз номи раиси вилоят Давлаталӣ Саид аҳли қаламро ба муносибати иди касбиашон табрик намуда, дар пешбурди фаъолиятии эҷодии онҳо барору комёбиҳои нав таманно намуд.

-Заҳмати тамоми кормандони воситаҳои ахбори оммаи сатҳи маҳаллӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиеро, ки дар якҷоягӣ бо мақомоти давлатӣ ба халқу миллат хизмат намуданд, мо қадр мекунем ва сипосгузорем. Дар ҳақиқат, мо эҳсос мекунем, ки эҷодкорони Хатлонзамин ҳамеша аз манфиатҳои миллию давлатӣ пуштибонӣ намуда, дар муқобили таҳоҷуми иттилоотии ҳаракату гурӯҳҳои иртиҷоӣ муқовимати устувор нишон медиҳанд ва мардумро ба роҳи дуруст ҳидоят мекунанд, - зикр дошт дар баромади худ А.Абдусаломзода
Ҳамчунин гуфта шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар симои ҳар як журналист ҳамкору ҳамандеш, ёвари беғараз, ҳомии арзишҳои миллӣ ва такягоҳи боэътимоди давлатро мебинад.

Дар рафти ҳамоиш иттилоъ дода шуд, ки Шӯрои машваратии рушди ВАО-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таъсис ёфта, он минбаъд намояндагони ҷомеаи журналистӣ ва коршиносони соҳаро муттаҳид намуда, масъалаҳои муҳими соҳаро мавриди баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор медиҳад.
Дар идома аз таърихи матбуоти тоҷик сухан рафт. Гуфта шуд, ки бо ташаббуси ҷадидони Бухоро аввалин рӯзномаи тоҷикӣ - «Бухорои Шариф» санаи 11-уми марти соли 1912 дар матбааи хусусии тоҷири яҳудитабор Л.Н.Левин, воқеъ дар шаҳраки Когони Бухоро, нашр гардид.
-Ҳанӯз 112 сол муқаддам «Бухорои Шариф» доир ба рисолати рӯзномаю рӯзноманигорӣ навишта буд: «Рӯзнома воситаест, ки ахбори ҳама ҷоро ба ҳама кас медиҳад, навъи инсонро аз тасаввуроти ҳамдигарӣ мутталеъ менамояд, ба воситаи мутолиа ва тасодуми афкор масоили лозимаи маошия ва маодияро машрӯҳ месозад, тағйироту таҷдидоти ҳақиқатро ба олами ваҳму гумон ба арсаи шаҳодату баён меандозад. Мухтасар ин, ки рӯзнома беҳтарин асбобе аст дар нашру таъмими маориф ва муонасати банӣ навъи инсонӣ»- ёдовар шуд муовини раиси вилоят.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, воситаҳои ахбори омма хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, бадалшавии идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд.
Нашрияҳои даврӣ дар вазъияти ҳассоси ҷаҳон бояд истиқлол, ваҳдат ва манфиатҳои давлату миллатро аз тамоми манфиатҳои гурӯҳӣ боло гузошта, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоранд, таъкид гардид дар Рӯзи матбуоти тоҷик.

Дар қисмати тантанавии чорабинӣ озмуни вилоятии "Нерӯи сухан", ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят миёни корманди ВАО эълон гардида буд, ҷамъбаст гардида, ғолибон бо диплом ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар охир бо иштироки сармуҳаррирони нашрияҳои даврии вилоят ва хабарнигорони телевизионҳои миллӣ ва муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳо аввалин ҷаласаи Шӯрои машваратии рушди ВАО-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баргузор гардид.
"САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
АВФ – ОҒОЗИ САҲИФАИ НАВИ ЗИНДАГӢ
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД
1147 НАФАР АЗ МУАССИСАИ ИСЛОҲИИ №3/6-И НОҲИЯИ ЁВОН БА ОЗОДӢ БАРГАШТАНД



