Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
05 мар 15:45АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Иҷтимоъ / Мақомот
“МАРҲАБО БА ХАТЛОНИ БОСТОН”
Таҳти ин унвон, имрӯз 5 март, дар шаҳри Кӯлоб Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ баргузор гардид.
Иқдоми мазкур дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба мақоми олии қонунгузори мамлакат, бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ, ҳамзамон дар доираи амалишавии «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» роҳандозӣ гардид.

Дар Форум раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид, роҳбарони вазорату идораҳо, ҳамчунин меҳмонон ва намояндагони бахши сайёҳии кишварҳои ҳамсоя, ширкатҳои сайёҳии дохилию хориҷӣ, олимону коршиносони соҳаи сайёҳӣ вобаста ба масъалаҳои рушди соҳа, беҳтар кардани инфрасохтори сайёҳӣ ва истифодаи дурусти он, рушди ҳамкориҳо ва дигар масъалаҳои соҳавӣ иштирок доштанд.
Нахуст, дар саҳни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба меҳмонону иштирокдорон имкониятҳои сайёҳии 25 шаҳру ноҳияҳо, мамнуъгоҳҳои тиббӣ, ширкатҳои сайёҳии дохиливу хориҷии дар вилоят буда, намоиши маҳсулоти ҳунармандону косибон, имкониятҳои саноативу иқтисодии минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ғайра ташкил карда шуд.
Форум ва намоишгоҳи мазкур барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии таърихию фарҳангӣ, табобатию экологӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор, имкониятҳои сафар ва саёҳат ба вилояти Хатлон, инчунин таҳким ва банақшагирии ҳамкориҳои муштарак байни ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, меҳмонхонаҳо ва дигар инфрасохтори сайёҳӣ имконияти васеъ фароҳам меорад.

Сипас, дар маҷлисгоҳи Донишгоҳ қисмати дигари форум оғоз гардида, нахуст раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид суханронӣ намуда, меҳмононро хушомадед гуфта таъкид намуданд, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ, таъмини амнияту субот дар кишвар ва таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат барои ҷалби сайёҳон шароити мувофиқ таъмин гардида, ташрифи сайёҳон сол то сол бештар мешавад.
Ҳамзамон, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул гардидааст, ки ин стратегияи дарозмуддати рушди соҳа буда, дар он ҳадафҳо, захираҳои мавҷуда, таъсири омилҳои беруна ба рушди соҳа ба инобат гирифта шудаанд.
Бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тадбирҳои ҳадафманд андешида шуда, ин самти муҳим ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта истодааст.

Айни ҳол дар қаламрави вилоят 933 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуданд, ки аз онҳо 721 ёдгории бостонӣ, 125 ёдгории меъморӣ ва 87 ёдгории монументалиро ташкил медиҳанд.
Боиси ифтихор аст, ки ёдгориҳои таърихию фарҳангии вилояти Хатлон, аз қабили қалъаи “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ, дайри буддоии “Аҷинатеппа”-и ноҳияи Вахш, мадрасаи “Хоҷа Машҳад”-и ноҳияи Шаҳритус, шаҳраки “Тахти Сангин”-и ноҳияи Қубодиён ва Мамнуъгоҳи “Бешаи палангон”-и ноҳияи Дӯстӣ ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил гардидааст, ки ҳамарӯза сайёҳон аз ин мавзеъҳо дидан менамоянд.
Тибқи маълумоти оморӣ, ба вилояти Хатлон дар моҳи январи соли ҷорӣ, дар умум, 33327 нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ ташриф овардаанд, ки аз ин ҳисоб 3589 нафарашон сайёҳони хориҷӣ мебошанд.
Ҳамзамон дар форум Имаи Сейдю - роҳбари намояндагии JICA дар Тоҷикистон, Родора Консепсион – муовини намояндаи доими Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон ва Қозидавлат Қоимдодов-роҳбари бунёди Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон ва дигар меҳмонону иштирокчиён суханронӣ намуда, доир ба рушд ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ таклифу пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки форум кори худро нимаи дуюми рӯз тибқи барнома дар се бахш идома медиҳад:
1. Ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ, рушди деҳот ба мақсади сайёҳӣ ва лоиҳаҳои афзалиятнок;
2. Сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва фарҳангию таърихӣ;
3. Сайёҳии табобатӣ, солимгардонӣ, рекреатсионӣ.
Добавить комментарий
Ахбор
ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО 12:43ДӮСТӢ. ОБОДОНӢ БА МУСОБИҚАИ ҲАМАГОНӢ ТАБДИЛ ЁФТААСТ 12:37СОХТМОН, САХОВАТ ВА СОЗАНДАГӢ 12:34Нақши воситаҳои ахбори омма дар пешгирии коррупсия 16:30ҶАЙҲУН. ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ОҒОЗ ШУД 15:02АЗ ХУТАН ТО КУВАЙТ 15:14Дастони пурэъҷоз 15:27Ҷавонтарин вакил 15:22
Серхонандаҳо
ХАТЛОН: НАҚШАИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ ДАР РӮЗИ АВВАЛ 100% ИҶРО ГАРДИД
БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ. АЗ ЧӢ БОЯД ЭҲТИЁТ КАРД?
ҶАЙҲУН. ОЗМУНИ “КИТОБХОНИ БЕҲТАРИН” БАРГУЗОР ГАРДИД
КӮШОНИЁН. 369 НАФАР БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН ГАШТАНД
ЁВОН. ЯК КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ ГАРДИД
ҶАЙҲУН. ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ОҒОЗ ШУД
ЁВОН. МАЪРАКАИ КИШТИ ПУНБАДОНА ОҒОЗ ГАРДИД
МОДАР
ХАТЛОН. ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ШУҶОИ ВАТАН
БО ЗАМИН ҲАМНАФАС, БО ЗАҲМАТ САРБАЛАНД



