Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҶОДУГАР
(ҳикоя)
Шуҳрат аз хонаи модараш баргашту ба ҳамсараш Муродгул гуфт:
- Занак, ту медонӣ, ки ман туро дӯст медорам, аммо мо бояд ҷудо шавем.
- Ҷудо шавем? Барои чӣ? Охир ҳанӯз як сол бо ҳам зиндагӣ накардаем, тақдири кӯдаки шиками ман чӣ мешавад? - ӯро саволборон кард Муродгул.
- Бояд ҷудо шавем, модарам чунин шарт мондааст, "ба занат ё парӣ ёр шудааст ё ӯ ҷодугар аст" мегӯяд!
- Чӣ хел парӣ? Ман чӣ хел ҷодугар? Ин гап боз аз куҷо пайдо шуд? Ба гӯшҳоям бовар намекунам - гуфта Муродгул каме ҳайрон монда, баъд баланд хандид.
- Чӣ, модари ту ҷину париҳои маро дида будааст? Суроғаашонро намедиҳад, ман ҳам бо онҳо шинос шавам? - бо ханда пурсид ӯ. Аммо ҷиддияти Шуҳратро дида, авзояш беҷо шуд.
- Ту ҷиддӣ мегӯӣ?- пурсид аз шавҳараш.
- Бале, ҷиддӣ мегӯям. Чанд пешгӯие, ки ту кардӣ, дуруст баромад. Аҷинаву париҳоят ба ту ин ҳамаро аз ғайб расониданд.
- Ғайб? Кадом пешгӯӣ?- чизеро сарфаҳм нарафта боз ҳайрон суол кард зан.
- Охир ҳафтаи гузашта вақте модарамро хабаргирӣ рафтем, ба модарам гуфтӣ, ки чӯҷаҳояш мемиранд, ҳамааш мурдаанд.
- Бале, мурдани онҳо ногузир буд. Ин ягон пешгӯӣ нест. Охир додари ман мудири фермаи мурғпарварӣ аст. Маълумоти олии байторӣ дорад. Аз хурдӣ мо дар хона парандапарварӣ мекардем. Медонам, ки ба чӯҷаҳо ҷойи хушку гарм ва равшании зиёд лозим аст. Модари ту ба ҷои он ки чӯҷаҳоро дар ҷои хушку гарм нигоҳ дорад, онҳоро зери сояи дарахти себ ҷой кардааст. Аз он ки пасоби ошхона ба зери дарахти себ меравад, доим пурнаму пурлой аст. Ман барои ҳамин гуфтам, ки чӯҷаҳо мемиранд. Ин ягон пешгӯиву ғайбдонӣ нест. Ин илм аст, таҷриба аст.
- Ту сангдил будаӣ, ба чӯҷаҳо раҳмат наомад? Дувоздаҳ чӯҷа ҳамааш мурдаанд... - ғурунгид Шуҳрат.
- Дилам месӯзад, барои ҳамин ба модарат гуфтам, ки чӯҷаҳоро аз ҷойи намноку пурлой бигирад. Аммо ба гапи ман гӯш накард. Шуҳрат ба фикр фурӯ рафт.
- Хайр инаш чӣ. Ту гуфтӣ пойи Гулнисо, хоҳарам мешиканад, шикаст, - боз эрод гирифт мард.
- Бале, охир. Ман чанд бор ба ӯ гуфтам, ки ба ман арбада накарда, дар деҳа пойафзоли пошнабаланд напӯшад. Пошнаи туфлиаш як ваҷаб. Базӯр роҳ меравад. Роҳҳо мумфаршу ҳамвор нестанд. Гӯш накард. Ба худат ҳам гуфтам, ки зинаи даромадгоҳи хонаатонро сементпӯш намо. Накардӣ. Аз кор баргашту пошнаи туфлиаш дар сурохиҳои оҳани даромадгоҳи хонаатон дармонд. Хайрият ман будам, набошад ба пушт афтида ҳам пояш мешикаст, ҳам сараш ба девор зада мекафид...
- Марги сагамон чӣ? Онро аз куҷо фаҳмидӣ?
- Бечора саг ҳам мурд?- бо суол ҷавоб дод зан ва илова кард, - уболи саг мегирад. Ман гуфтам, ки саг кана дорад, кирми шикамаш он қадар зиёд буд, ки аз таги думаш кашол шуда буданд. Фавран ба байтор бурдан лозим, мемирад, илтиҷо кардам ба модарат, аммо ба ман писханд зада, "ту дар шаҳр зиндагӣ карда, аз куҷо сагро медонӣ" гуфт.
- Ин қадар дилат аз санг аст, ки ором дар бораи мурдани саг гап мезанӣ,- норозиёна сар ҷунбонид Шуҳрат.
- Охир дар мурдани саг ман чӣ гуноҳ дорам? Сару гӯшаш аз кана пур. Тамоми хунашро макида буданд. Пӯсту устухон монда буд. Паразитҳо бошанд аз дарун ӯро мехӯрданд. Мурданаш аниқ буд, охир...
Шуҳрат каме ба андеша фурӯ рафт. Аниқ буд ки гуфтаву далоили пешовардаи Муродгулро дар мизони ақл бармекашиду дар ниҳодаш таҳлил мекард. Зан ӯро аз дунёи андешаҳояш берун кашида гуфт:
- Дуруст мегӯӣ, мо бояд аз ҳамдигар ҷудо шавем. Париҳо бо инсонҳо зиндагӣ карда наметавонанд.
Баъди соате ҷомадони либосҳои Шуҳрат дар лаби дар интизори соҳибаш меистод... Париву ҷине набуд, ки акнун ояндаи ӯро пешгӯӣ кунад.
Абубакр Файзализода
Добавить комментарий
Ахбор
БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39НАФАҚА – КАФОЛАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ БА ШАҲРВАНДОН 13:32БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД 14:02АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ 13:58РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД 16:52ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 12:56ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД 15:47Ҳамоиш таҳти унвони "Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад" 12:36
Серхонандаҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ЯК СИМОЮ ЯК САДО, АММО ДУ САРНАВИШТ
ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН
АЗ УМЕД ТО ХАТАР



