Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
НАҚШАИ БУҶЕТ БАРЗИЁД ТАЪМИН ШУД
-Бо дарназардошти рушди воқеии иқтисодиёти вилояти Хатлон, соли 2023 иҷроиши нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ аз рӯи контенгенти умумӣ ба андозаи 105,3 фоиз ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ ба андозаи 106 дарсад таъмин гардида ба буҷет ба ҷои 1905,9 миллион сомонии нақшаи пешбинишуда 2015,8 миллион сомонӣ ворид гардидааст, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ Иззатулло Ҳабибуллозода, сардори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон.
Зикр гардид, ки ин нишондод нисбат ба нақша 109,9 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 306,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Гуфта шуд, ки дар ҷамъбасти соли молиявӣ нақшаи андозҳо ва пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо пуррагӣ иҷро гардида, дар баробари ин иҷроиши намуди андозҳо аз 102 то 126 фоиз таъмин гардидааст.
Бақияпулии қарзи андозҳо ба ҳолати 1 январи соли 2024 дар сатҳи вилоят 166,2 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали соли 2023 ба андозаи 2 миллион сомонӣ кам карда шуд.
Ҳабибулло Иззатуллозода иттилоъ дод, ки қарзи андози иҷтимоии буҷетӣ, ки дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилоят ҷой дошт, дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани корҳои назоратӣ пурра бартараф карда шуд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



