Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БОХТАР. ЭЪМОРИ 62 ИНШООТ ДАР СОЛИ 2024
Соли 2024 дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар бунёди 62 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст ва ин шумора дар назар аст, ки афзоиш ёбад.
Тавре зимни суҳбат мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар Юсуфзода Эмомалӣ изҳор кард, аз 62 иншооти дар нақшабуда се ададаш коргоҳу корхонаҳои саноатӣ буда, баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан беш аз 200 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимию мавсимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли равон бунёди корхонаи истеҳсоли гугирд, азнавсозии варзишгоҳи марказӣ, комплекси биноҳои баландошёна бо дарназардошти боғчаҳои кӯдаконаю марказҳои хизматрасонӣ, бозсозии теппаи таърихии “Қурғон” ва биноҳои иловагии муассисаҳои таълимии рақами 6 ва 8 ва дигар иншооти ҳаётан муҳими иқтисодию иҷтимоӣ дар маркази вилоят ба нақша гирифта шудааст.
Дар маҷмӯъ то ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар бунёди 270 иншооти гуногунтаъинот ба нақша гирифта шудааст, ки баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан, 2592 нафар соҳиби ҷои кори доимию мавсимӣ хоҳанд шуд.
То инҷониб аз 270 иншооти бахшида ба ин ҷашн, 115 адади он бунёд шудааст.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



