Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҶАЙҲУН. СОҲИБКОРОН ДАР ТАЪМИРИ РОҲҲО САҲМИ ШОИСТА ДОРАНД
Дар ноҳияи Ҷайҳун бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ, соли сипаригардида ба маблағи беш аз 1,5 миллион сомонӣ роҳҳои автомобилгард таъмиру бозсозӣ гардида чанде аз пулу қубурҳо низ аз таъмир бароварда шуданд.

Тавре зимни суҳбат Сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ҷайҳун Шарифҷон Сайҷонов иброз кард, соли 2023 бо иқдоми соҳибкорон 2,6 километр роҳ бо харҷи 1 миллиону 160 ҳазор сомонӣ таъмири асфалтпӯш, 12,5 километр ба маблағи 275 ҳазор сомонӣ шағалпӯш ва даҳҳо километри дигар таъмири ҷорӣ шудааст.
Инчунин бо саҳми онҳо се пул бо харҷи 78 ҳазору 200 сомонӣ бозсозӣ гардида, қисмате аз қубурҳои обгузор аз таъмир бароварда шудаанд.

Зикр шуд, ки дар баробари соҳибкорони маҳаллӣ, саҳми Вазорати нақлиёти мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун назаррас буда, аз ҷониби Вазорати нақлиёт барои нигоҳдории роҳҳои автомобилгард 20 тонна муми моеъ ва аз ҷониби мақомти маҳаллӣ барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ наздики 200 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.
Дар тавозуни Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ҷайҳун дар умум 255,8 километр роҳ вобаста буда, аз ин миқдор 65,8 километр роҳҳои байналмилалӣ, 8,4 километр роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва 181,6 километраш роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта мебошанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



