Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДӮСТӢ. ҲАФТ ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ БУНЁД ШУД
Давоми се соли охир дар ноҳияи Дӯстӣ ҳафт иншооти соҳаи маориф ва 21 синфхонаи барҳавою замонавӣ барои ба таҳсил фаро гирифтани 525 нафар хонанда дар як баст бунёд шудааст.
Дар ин бора мудири шуъбаи маорифи ноҳияи болозикр Шаҳноза Маҳмадсаидзода ба “Сафо” иттилоъ дод.
Ба таъкиди ӯ ҳоло дар ноҳия сохтмони боз чор муассисаи таълимӣ ва 13 синфхонаи иловагии дигар бо маром идома дорад, ки баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан 1585 ҷойи нишаст муҳайё хоҳад шуд.

Инчунин чиҳати шоиста истиқбол гирифтани ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия сохтмони бинои шуъбаи маориф бо маром идома дорад, ки соли равон ба истифода дода мешавад.

Дар баробари бунёди иншооти соҳаи маориф ҳамасола омӯзгорони ҷавони ин ноҳия аз имтиёзҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати мамлакат баҳравар мешаванд. Аз соли 2022 то инҷониб 42 нафар омӯзгорон бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин шуда, боз ба 10 нафари дигар қарзҳои имтиёзнок дода шудааст. Ин раванд боз идома меёбад.
Феълан дар ноҳияи Дӯстӣ 54 муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва томактабӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 29 ҳазору 885 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



