Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
УСТОДИ ДОНИШГОҲ ҒОЛИБИ ОЗМУН ШУД
Низомиддин Комилов, мудири кафедраи молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар озмуни 8-уми байналмилалии “Беҳтарин олимони ҷавони ИДМ-2023” ғолиб омада, сазовори Дипломи дараҷаи 1 гардид.
Ӯ дар ин озмуни сатҳи баланд бо пешниҳоди мақолаи илмӣ таҳти унвони “Таҳлили нишондиҳандаҳои молиявӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон” иштирок карда, дар бахши иқтисодиёт ғолиби ин озмун дониста шуд ва бо медалу Дипломи дараҷаи 1-уми “Беҳтарин олими ҷавони ИДМ-2023” қадрдонӣ карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур ҳамасола дар доираи Лоиҳаи “Нашрияи байналмилалии Китоб” бо ташаббуси Ассотсиатсияи шахсони ҳуқуқии Ҳаракати умумимиллии “Бобек”-и Ҷумҳурии Қазоқистон миёни муассисаҳои илмию таълимии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷиҳати дарёфтӣ корҳои илмӣ – таҳқиқотии беҳтарин ва дар амалия татбиқ онҳо роҳандозӣ карда мешавад ва дар он шумораи зиёди намояндагони кишварҳои ИДМ иштирок менамоянд.
Боиси ифтихор аст, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин озмуни сатҳи баланд устоди ҷавону умедбахши тоҷик Низомиддин Комилов иштирок карда, шаъну шарафи миллати хешро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт.
Сулаймон СУЛТОН
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН



