Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ВАТАН БОЛОТАР АЗ ҲАМА
Ватан барои ман болотар аз ҳама чиз аст. Муҳофизат намудани онро қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии худ медонам. Модару Ватан барои ман баробар азизу гиромӣ ҳастанд. Ватан беҳтарин сармоя, нодиртарин сарват, ноёбтарин ганҷ аст, ки ба он ягон чизи дигар дар дунё баробар шуда наметавонад.
Нафас кашидан аз ҳавои софу беғубори Ватан, нўшидани оби зулоли чашмасорони он, давидан дар марғзоронаш ба инсон ҳаловати беназире мебахшад. Инсон ба дунё меояд ва ба ду чизи муқаддас дил мебандад- Модар- Ватан. Ин ду ганҷи ноёб ҷаҳони моро равшан мекунанд. Дар дилҳои мо шуълаи умедро ба имрӯзи пурсаодату ояндаи дурахшони зиндагӣ фурӯзон месозанд.
Оре, Ватан Модар аст, зеро модарвор инсонро дар канораш мепарварад. Ба камол мерасонад. Дар канори он инсон неку бади ҷаҳонро аз ҳам фарқ мекунад. Ҳар хори Ватан барои ман азиз асту ҳар сангрезаи онро муқаддас медонам. Ҳазорҳо бор шунидаам, ки чӣ сон бархе аз мардуми олам аз беватанӣ азият мекашанд, ранҷ мебаранд ва хорӣ мебинанд.
Ман аз канори ин зебодиёр дур нарафтаам ва дур ҳам намеравам. Оғӯши гарми онро раҳо кардан намехоҳам. Зеро ин оғӯши гарму нарми Ватан бӯйи модар дорад. Ин ду ганҷинаи меҳру муҳаббатро то он даме, ки зиндаам аз ҷону дил дўст медорам ва муҳофизат мекунам.
Ман ҳаргиз аз хизмат ба Ватан саркашӣ намекунам. Чунки ман модарамро муҳофизат мекунам, нангу номуси хоҳарамро ҳифз мекунам, марзу буми кишварамро ҳимоя менамоям.
Маро модарам барои он ба дунё овард, то дар ҳифзи Ватан чун кӯҳи баланди он истода, онро аз ҳама гуна офат наҷот бахшам. Хоки поки ватанамро садқа шавам, ки он бароям аз зару зевар ҳам пурарзиштар аст. Ман аз кӯҳи баланди сарбафалаккашидаи Ватан ҷасорат, аз оби чашмасорони Ватан покизагӣ, аз булбулони гулистони Ватан изҳори муҳаббат кардан, аз насими форами Ватан меҳрубониро омӯхтаам. Ман аз борони раҳмати найсони Ватан сафобахширо омӯхтаам. Рафоқату садоқатро аз дӯстони ҷонӣ дар Ватан омӯхтаам.
Ман ба шар-шари оби пуртуғёни рӯдҳои Ватан ошиқам, чунки аллаҳои модар аз он маншаъ гирифтаанд ва дар сари гаҳвораи фарзандон бо оҳанги дилкаш достонҳои ҷасорату мардонагӣ ва қаҳрамонии ин мардумро замзама менамояд.
Барои ҳамин, ман ихтиёран ба Комиссариати ҳарбии ноҳия нахустин шуда номнавис шудам, то ба хизмати Ватан равам ва қарзи фарзандӣ ва рисолати шаҳрвандии хешро чун дигар ҷавонони ғаюру нотарси диёр адо намоям.
Фирдавс Ҳасанов,
сокини деҳаи Бобоқул Хидирови
Ҷамоати деҳоти “Истиқлол”-и
ноҳияи Носири Хусрав
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



