Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Азизи дилу дидаҳо буд…
«Бузургдошти номи неки фарзандони барӯманди миллат, ки барои ободию шукуфоии Ватани азизамон хизмат карданд, қарзи ворисияти ҳар як соҳибватан аст»
Эмомалӣ Раҳмон
Вақте чунин суханони пурҳикмату фозилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тариқи телевизиону радио мешунавам, саманди андеша маро ба солҳои 80-уму нимаи аввали солҳои 90-уми асри гузашта мебарад. Чи қадар шахсони бузурге буданд, ки содиқона ба халқу Ватан хизмат намуданд. Онҳо зиндаву ҷовиданд. Албатта, мо бо пос доштани хотири некашонон аз онҳо ҳамчун инсонҳои шарифу бузург ёд мекунем. Яке аз чунин шахсони фидоӣ собиқ сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ шодравон Бӯрихон Шарифов мебошад, ки ҳаёту фаъолияташ намунаи ибрат аст.
Бӯрихон Шарифов инсони нек, хоксор, самимӣ ва мушфиқу ғамхори беморон буд. Ӯ умри пурбаракати худро бо масъулияти баланди инсонӣ ҳамчун мутахассиси ботаҷрибаю асили соҳаи тандурустӣ ва содиқ ба халқу Ватан паси сар намуд. Инсоният ва касбияти баландаш ӯро обрӯманду соҳибэҳтиром намуда буд.
Вай соли 1970 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро бо ихтисоси духтур – педиатр аъло хатм намуда, бо роҳхати Вазорати тандурустӣ ба ноҳияи имрӯзаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба кор омад ва якчанд сол ба ҳайси духтур фтизиатор- мутахассиси бемориҳои сил сарбаландона фаъолият намуд.
Бо ақлу фаросат ва донишу маърифат худ вай дар дилу дидаҳои ҳамкасбону сокинон зуд ҷой гирифт. Мисраъҳои зерини шеърӣ шиори кори ӯ буд:
Гарчӣ Сино нестӣ синосифат дар кор шав,
Бо маризон чун бародар мунису ғамхор шав.
Дониши баланди касбӣ ва хислатҳои наҷиби инсониашро ба назар гирифта, ӯро сардухтури бемориҳои сил таъйин карданд. Зиёда аз даҳ сол сарварии ин беморхонаро ба уҳда дошт. Ӯ пайваста пайи баланд бардоштани маҳорати касбии худ буд.
Заҳматҳои пайваста ва мутахассиси хубу варзида буданашро ба назар гирифта, соли 1979 ӯ сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ таъйин намуданд. Бӯрихон Шарифов, ки таҷрибаи бойи касбӣ дошт, барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва ободу зебо намудани беморхона талош мекард. Дарахтони бузурги сояафкану мевадори ҳавлӣ ва гирду атрофи имрӯзаи беморхона самараи заҳматҳои пайвастаи ин марди наҷиб мебошанд.
Яке аз дӯстони наздику вафодор ва ҳамкорони ӯ духтури амрози даруна Абдулло Назаралиев замони роҳбарии Бӯрихон Шарифовро беҳтарин давраи дастоварду комёбиҳои беморхона меҳисобад.
Яке аз аввалин иқдомҳое, ки ин мутахассиси варзида роҳандозӣ намуд, ин ташкили диспансери мубориза бар зидди бемориҳои сил буд. Беморхонаи марказиро, ки ҳоли хароб дошт, аз таъмири асосӣ босифат бароварда, онро ободу назаррабо намуд. Маҳз бо ташаббусу талошҳои Бӯрихон Шарифов дар беморхона шуъбаҳои урология, асаб, осебшиносӣ раддодӣ, ҷарроҳии кӯдакона ва утоқҳои бронхоскопия, лапароскопия, морфологияи клиникӣ ва бронхография ташкил карда шуд.
Духтури хозиқ Маҳбуба Бековна, ки солҳои зиёд дар беморхонаи марказии ноҳия бо шодравон Бӯрихон Шарифов якҷоя фаъолият намудааст, хотираҳояшро аз солҳои қаблӣ чунин баён дошт:
-Бӯрихон Шарифов як инсони воқеан заминӣ, дилсӯзу меҳрубон, ширинсухан ва бомаърифат буд. Ёд надорам, ки ӯ ҳамчун сардухтур касеро назди дигарон сарзаниш карда бошад. Бисёр одатҳои хуб дошт. Саҳарӣ барвақт ба кор омада, аввал аз фаъолияти ходимони ҳар як шуъба хабар мегирифт. Камбудиҳои ҷойдошта бо маслиҳату ҳамдигарфаҳмӣ ҳалли худро меёфт. Фаъолияти беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ намунавӣ буд. Албатта дар ин корҳо Бӯрихон Шарифов нақши мондагор дошт. Садоқати бепоён ба халқу Ватан, меҳнатдӯстию масъулиятшиносиашро ба назар гирифта, ӯро сарвари диспансери зидди бемориҳои сили ноҳия таъйин намуданд. Зеро медонистанд, ки дар ин самт таҷрибаи бой дорад. Вазъияти начандони хуби ин бахшро дар муддати начандон тӯлонӣ ба эътидол овард. Дар якчанд деҳаи ноҳия, минҷумла дар собиқ хоҷагии ба номи С.М. Киров, имрӯза Ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабов мубталоёни бемориҳои сил зиёд буданд. Ӯ ба ҳадде ҷонфидои касбу кораш буд, ки ҳатто дар ҳолати хуб набудани вазъи саломатиаш ҳам дар хизмати халқ буд,- зикр намуд Маҳбуба Бековна.
-Боре барои дастрас намудани маводи доруворӣ ва таҷҳизоти нави тиббӣ Бӯрихон Шарифов ба шаҳри имрӯза Бохтар омада, ба назди дӯсти даврони донишҷӯияш, духтур Абдулло Назаралиев рафт. Духтур баъди муоинаи кӯтоҳи тиббӣ ба ӯ гуфт:
- Бародари азиз, Бӯрихон, биё шитоб накун, як- ду рӯз табобат гиру каме истироҳат кун, сипас ба кор баргард.
Аммо ин табиби ҳозиқ дар ҷавоб чунин гуфт:
- Хайр ҳеҷ гап не. Ин ҳолат бори аввал нест ку. Тани гарм бе дард намешавад. Агар наравам, кор ба таъхир меафтад. Дар диспансерамон доруворӣ қариб тамом шудааст.
Ин табиби ҷонфидои халқу Ватан ғами худ не, ғами беморонро мехӯрд ва аз забони Соиби Табрезӣ мегуфт:
Аҳволи ман напурс, ки бо сад ҳазор дард,
Мебоядам ба дарди дили дигарон расид.
Кӣ медонист, ки ин вопасин дидорбинӣ бо ёру дӯстон, пайвандон ва наздиконаш будааст. Ӯ ба дардҳо даво бахшид, лекин дар давои дарди худ оҷиз монд…
Ин марди накуном рисолати бузурги инсониашро дар ҷомеа сарбаландона иҷро намуд. Ҳамчун падари мушфиқу меҳрубон фарзандони шоистаю сазоворро тарбия намуда, ба воя расонид. Имрӯзҳо онҳо ходимони давлатию соҳаҳои мухталиф буда, номбардори падари бузургворашон ҳастанд.
Дар бораи чунин инсонҳои шариф шоири шаҳир Ғоиб Сафарзода гуфтааст.
Аз дида, ки рафт, баъд афсӯс хӯрем,
Дар синаи хеш захми ҷонсӯз хӯрем.
Танҳо тирамоҳ ёди Наврӯз кунем,
Танҳо шаби тор ёди рӯз кунем.
Азам Бобоев, ноҳияи Восеъ
Добавить комментарий
Ахбор
Ҷ. Балхӣ. Мавсими ҷамъоварии пилла оғоз гардид 13:53ИЛОҶИ ВОҚЕА ПЕШ АЗ ВУҚУЪ! 12:30ИСТИФОДАИ ҒАЙРИҚОНУНИИ БАРҚ ҶАВОБГАРӢ ДОРАД 12:25Таъсиси ҳайъати корӣ, баҳри баланд бардоштани маърифати шаҳрдорӣ 12:20Таҷлили 80-солагии Рӯзи Ғалаба дар вилояти Хатлон 12:12БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРОНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ПАРВАРИШИ ПИЛЛА 15:04РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА АЁДАТ ВА ТАБРИКИ ИШТИРОКДОРОНИ ҶБВ РАФТАНД 14:57Рӯзгори ибратомӯз 14:47
Серхонандаҳо
Панҷ. Бунёди панҷ бунгоҳи тиббӣ дар нақша
ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025
Бохтар. Чорабинии мудофиаи ҳудудӣ доир гардид
ҲАМАДОНӢ. 12 КИЛОМЕТР РОҲ ТАЪМИРИ АСОСӢ МЕШАВАД
Вилояти Хатлон дар озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» сазовори ҷойи дуюм гардид
“Тасмаи бехатарӣ муҳофизи шумо”
Аввалин ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар дар вилояти Хатлон анҷом дода шуд
Чор иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
Фестивал намоишгоҳи байналмилалӣ баргузор гардид
3 ҷоиза дар “Парасту-2025”