Бойгонӣ

Бо Пешвои муаззами миллат ба сӯйи ояндаи дурахшон

Таърих огоҳ аст, ки сиёсатмадорони барҷаста барои рушду пешрафти давлату миллат корҳои неку шоистаро дар саҳифаҳои китобҳои хотирмони тамаддуни башар ҳаккокӣ намудаанд.

Тавре мо медонем, дар охири асри ХХ тундбоди рашку кин ба сари халқи тоҷик рехт ва дар ин сангар барои баҳамоӣ, сарҷамъӣ, сулҳу ваҳдат шахсияте лозим буд, ки хирад, заковат, андешаи бикрро раҳнамоӣ намояд.

Иҷлосияи XVI - ҷаласаи қисмат, дар амнтарин минтақаи ҷумҳурӣ – Суғди бостонӣ ба ин асос гузошта, вакилони мардумиро сарҷамъ намуд. Дар ин Иҷлосияи сарнавиштсоз, ки ҳар нафас фазои сиёсӣ дигаргун мешуд, вакилон ба хулосае омаданд, ки маҳз дар ҳамин марҳилаи тақдирсози давлатсозӣ намояндаи мардумиро ба ҳайси  Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз миёни халқ интихоб намоянд.

Намояндагону даъватшудагон бо умеди оромию осоиштагии ватани бо ҷон баробарамон, бо рӯҳияи сулҳсозӣ ба шаҳри бостонии Хуҷанд ташриф оварданд. Дар он анҷумани қисмат - Иҷлосияи сарнавиштсоз, ки ҳушу ёди мардум ба он равона буд, халқ хостори шунидани садои гӯшнавоз оштии миллӣ ва сулҳу осоиш буд. Бо ҳамон ниятҳои нек аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар Қасри бошукӯҳи Арбоб, шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вакилон, ҷонибдорони ҳокимияти конститутсионӣ ва мухолифин доир гардид. Дар чунин вазъияти сангин мақсади баргузории иҷлосия пирӯзии ақли солим буд. Дарёфти чеҳраҳои нави сиёсӣ, барқарории сулҳу суботи сартосарии кишвар ниҳоят зарур буд ва ин масъалаи мубраму аввалиндараҷа пешорӯи вакилон меистод. Дар он лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ гурӯҳе аз оламиён бо нияти нек ва зумрае бо чашми ғараз раванди иҷлосияро назорат мекарданд ва ҳар кадоме андешаҳояшонро дар расонаҳои хабарӣ пахшу нашр менамуданд.

Намояндагони халқ аз воқеаҳои баамаломада огоҳу бо чашми сар ҳолатҳои даҳшатафзоро дида буданд, масъулияти вакилиашон онҳоро намегузошт, ки ба одитарин хато роҳ диҳанд, зеро хурдтарин иштибоҳ метавонист боиси нофаҳмиҳои зиёд гардад. Масъулият, ки доштанд, дар ҳалли масъалаҳо фаъолона иштирок ва бо дилу нияти пок ҳукумати қонуниро интихоб намуданд. Маҳз дар ҳамин иҷлосия қарору қонунҳое қабул карда шуданд, ки барои таъмини минбаъдаи сулҳи фарогир дар ватани азизамон заминаи боэътимод гузошт.

Шукри иқболи баланд, ки Офаридгор Пешвои миллатро ба рӯйи курсии давлатдорӣ нишонд. Нахустин сухани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Ман ба шумо сулҳ меорам”, то ҷаҳон боқист, дар гӯши оламиён садо медиҳад. Чун Тоҷикистони азиз қадамҳои нахустинро дар ҷодаи истиқлолият мегузошт ва дар он давр тавоноии сиёсиву мудофиавии иқтисодию иҷтимоии давлат фалаҷ гардидаву қавӣ набуд, танҳо иродаи матин ва садоқати ватандӯстии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иттиҳоду ҳамбастагии халқи Тоҷикистон буд, ки дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ба сулҳу ваҳдати комил расидем ва зиндагӣ ба маҷрои созанда баргашт.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки бо тадбирҳои хирадмандона, матонату ҷасорати фавқулода ва зиракии сиёсии худ кишварро аз панҷаи боди фано раҳо кунанд ва ғурбатзадаҳоро ба ватан баргардонида, хуршеди сулҳу ваҳдат бо ибтикори ин фарзона фарзанди миллат дар осмони Тоҷикистони азиз нурафшонӣ намуд. 

Халқи тоҷик аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашта, ба воситаи андешаҳои поку машварат ба сулҳу ваҳдат расид ва дар ин Иҷлосияи шуҳратафзо ҳама он 23 масъалае, ки пешниҳод шуда буд, ҳаллу фасли худро ёфта, ҳокимияти қонунӣ ба фаъолияти худ оғоз бахшид. Яке аз масъалаҳои муҳим - эҳё намудани собиқ вилояти Хатлон маҳз дар ҳамин Иҷлосия матраҳ шуд ва 2 декабри соли 1992, таҳти рақами 755, қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси вилояти Хатлон” ба тасвиб расид.

Дар давраи баъди Иҷлосияи тақдирсоз бо ҳидояту заҳматкатҳои шабонарӯзии Пешвои миллат гурезаҳо, ки аксари куллашон аз вилояти Хатлон буданд, ба Ватан баргардонида шуданд. Мардуми заҳматнописанди вилоят аз иқдомҳои Сарвари давлат рӯҳу илҳоми тоза гирифта, ба барқароркунии хонаву дари худ, меҳнати осоишта машғул гардиданд.

Раванди сулҳофарии Пешвои миллат дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оғоз гардида, то 27-уми июни соли 1997 идома ёфт. То даст ёфтан ба санади сулҳу ба он имзо гузоштан, яъне ба «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ», мушкилию монеаҳо ва қувваҳое арзи ҳастӣ доштанд, ки ба касе итоат намекарданд. Гурӯҳе аз бадхоҳон худро марбут ба қувваҳои мухолифин медонистанд, гурӯҳи дигар барои бадном кардани ҳукумат ҳар кори бади аз дасташон меомадаро ба сомон мерасониданд.

Онҳо ба хотири ноором сохтани вазъи сиёсии кишвар ва дар қалби ҳамватанонамон коштани тухми тарсу ҳарос амалҳои зиёновару ғайриинсониро ба анҷом мерасониданд. Вале ягон бадкирдору бадсиришт ба мақсади нопоки худ нарасид ва оқибат онҳо подоши амалҳои зишти худро диданд. 

Дар он лаҳзаҳои сарнавиштсоз ҳушу ёди мардум ба раванди музокирот ва «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» буд. Амалҳои хирадмандонаи Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, талошу бедорхобиҳояшон, бетарсу ҳарос рафтанашон ба назди мухолифини саропо бо яроқҳои замонавӣ мусаллаҳ аз шуҷоату далерӣ ва мардонагии Ӯ гувоҳӣ медод. Ҳар дидору вохӯриашон бо кадом табақае, ки набошад, миёни мардум ҳамовозиро ба амал оварда, ба суди халқу ватан меанҷомид.

Раиси Шӯрои Олӣ дар яке аз суханрониҳояшон ба мардум муроҷиат намуда, иброз доштанд, ки мусолиҳаи миллии мо дар таърихи навини миллати куҳанбунёдамон дастоварди бузург ва беназир аст. Аз ин рӯ, ҳар фарде, ки худро фарзанди Тоҷикистон медонад ва қадру манзалати Тоҷикистонро азиз мешуморад, бояд ба ин дастовард ҳамеша эҳтиром гузорад ва таҳкими ваҳдати миллиро рисолати шаҳрвандиву қарзи фарзандӣ дониста, ба халалдор гардидани он ҳаргиз роҳ надиҳад.

Коршиносони масоили сиёсии дунё, ҷомеашиносон, намояндагони Донишгоҳи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид, мамлакатҳои дӯсту ҳамсоя, ки бевосита шоҳиди раванди музокироти сулҳи мо будаанд, гуфтушунидҳои бамавриду самараоварро ба интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷавонмарди бонангу номуси миллат Эмомалӣ Раҳмон нисбат медоданд, ки баҳои додаи онҳо сад дар сад ҳақиқати бебаҳс аст. Ҳар як вохӯрию дидорбиние, ки Раиси Шӯрои Олӣ аз самими қалб ва бо як меҳри беандозаву пок доир менамуданд, писанди ҳамагон буд. Тарсу ҳарос барояшон вуҷуд надошт. Пешвои миллат аз садҳо хатарҳо гузаштанд, қасди ҷисму ҷонашонро карданд, наҳаросиданд, ба пеш рафтанд, ҷон дар каф ба назди ҳамватанони бурунмарзӣ рафтанд. Онҳоро аз самими қалб барои бозгашт ба ватани аҷдодиашон таклиф карданд. Қавлу амалашон, ки ҳамсафари ҷониашон аст, ҳамеша ба аҳди додаашон вафодору содиқ боқӣ мемонанд.

Ниҳоят азизтарин, фарҳбахштарин рӯз барои халқи Тоҷикистони азиз, рӯзи таърихию тақдирсози 27-уми июни соли 1997, ки дар шаҳри Москва ҳуҷҷати сарнавиштсоз - Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин рӯйдоди фараҳафзо ҳамчун ид, ҳамчун рӯзи пирӯзии бахт ва тантанаи ҳақиқат буд. Ҳамасола ба истиқболи ин рӯзи неку шоиста садҳо корхонаҳои хурду бузург, варзишгоҳҳо, иншотҳои фарҳангию маишӣ, роҳу шоҳроҳ, донишгоҳҳо бунёд гардида, мавриди истифода қарор мегирад.

Бо иродаи мустаҳками Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, чандин иншооти азим бунёд гардида, барои бо ҳам пайвастани тамоми минтақаҳои Тоҷикистон шоҳроҳи Ваҳдат ва барои мустақим баромадан ба уқёнус ва робита ёфтан ба кишварҳои дуру наздики хориҷӣ роҳҳои бузурги мошингард, роҳи оҳан сохта ба истифода дода шудаанд.

Муҳимтарин дастовардҳои кишвар аз фаъолияти фидокоронаи халқи Тоҷикистон ва иқдомҳои қаҳрамононаи Пешвои миллат ва ҳаммаслакони содиқашон мебошад.

Подоши ин ҳама корномаҳо маъруфиятест, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миёни халқи мамлакат ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзӣ пайдо кардаанд. Мукофоти ҳамаи ин заҳматҳо ҳамчунин, ҳусни таваҷҷуҳ ба эҳтироми бузурги ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ки мунтазам нисбати сардори донову тавонои Тоҷикистон, сиёсатмадори варзида ва ифодагарӣ марому ормонҳои умумибашарӣ иброз мегардад.

Обрӯю эътибори баланди Ҷаноби Олӣ ҳамчун Арбоби барҷастаи сиёсию давлатӣ натанҳо дар миёни халқи Тоҷикистон раднопазир аст, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ ӯро ҳамчун чеҳраи намоёни арсаи сиёсат, сиёсатмадори номдору тавоно, бунёдгузор ва кафили сулҳу салоҳ дар минтақа шинохтаву эътироф ва арҷгузорӣ мекунад. Аз ҷониби пажӯҳишгоҳҳои байналмилалӣ Пешвои асри XXI эълон гардидани Роҳбари давлати Тоҷикистон далели возеҳи шахсияти мондагори сатҳи ҷаҳонӣ будани Пешвои миллат аст, ки аз ин мо — тоҷикон ифтихормандем.

Хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳу амният, бунёди низоми давлатдории миллӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, амалисозии ҳадафу ормонҳои миллӣ, аз ҷумла раҳоии мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, гомҳои устувор дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, саноатикунонии кишвар, коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва рушди устувори иқтисодӣ беназир буда, мардуми Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали зимоми давлатдориро ба даст гирифтан то ба имрӯз дар атрофи Пешвои муаззами худ сарҷамъу муттаҳид буданд ва садоқатмандона аз сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат пуштибонӣ мекунанд.

Дар тӯли солҳои Истиқлолияти комил кишвари мо таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақилу демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Хатлон, ки бузургтарин вилояти кишвар ба ҳисоб меравад, бо роҳнамоӣ, дастгирӣ, ташаббус ва ҳидоятҳои рӯзафзуну созандаи Пешвои миллат дар баробари дигар минтақаҳои кишвар ободу назаррабо гардида, сатҳу сифати зиндагии мардум ҳамвора баланд гардида истодааст.

Ба итминони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, марҳалаи нави эҳёи миллати тоҷик аз Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ сарчашма мегирад ва бо расидан ба сулҳу ризоияти миллӣ мо тавонистем дар самти эҳёи фарҳангу арзишҳои миллӣ, ташаккул ва тақвияти худшиносӣ ва рӯҳияи ягонаи миллӣ қадамҳои устувор гузорем: «Агар мо аз роҳи тайкардаи пур аз шебу фарози миллати худ огоҳии нисбатан пурра медоштем ва аз хатоҳои содирнамудаи ниёгонамон сабақ мегирифтем, шояд тӯфони офатбори ҷанги гражданӣ, ки мо ба он дучор омадем, чунин ранги фоҷиавӣ намегирифт. Охир як сарчашмаи худшиносии миллӣ маҳз ошноӣ бо мероси таърихӣ аст… Имрӯз мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёз дорад. Мо бояд аз таърихи гузашта сабақ бигирем ва барои ваҳдати комили миллӣ корҳои бузургеро ба анҷом расонем».

Ҷойи шакку шубҳае нест, ки бо гузашти 30 сол аз баргузории он Иҷлосияи таърихию тақдирсоз дар натиҷаи татбиқи сиёсати оқилонаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ба рушди устувори иқтисодӣ ноил гардида, сатҳи камбизоатӣ ба таври чашмрас коҳиш ёфт, ҳазорҳо корхонаҳои нави истеҳсолӣ, муассисаҳои замонавии таълимию тиббӣ, роҳу пулҳо, марказҳои хизматрасонии маишию фарҳангӣ бунёд, садҳо ҳазор нафар бо ҷойи кор ва маоши муносиб таъмин гардиданд.

Танҳо дар доираи омодагиҳо ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо роҳнамоӣ ва дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри гулгулшукуфии дар вилояти Хатлон зиёда аз ҳашт ҳазор иншооти таъиноташ гунонгун сохта ба истифода дода шуда, ҳазорҳо ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст. Ба хотири боз ҳам зиёд намудани ҷойҳои корӣ ва таъмини шароити арзандаи кору зиндагии мардуми вилоят ва баҳри рушди иқтисодиёту саноати мамлакат дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2026 бунёди зиёда аз 6260 бинову иншоот, корхонаҳои саноатӣ, роҳу пулҳо ба нақша гирифта шудааст, ки дар ин самт корҳои ободониву созандагӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон босуръат идома доранд.

Сокинони зарофари вилояти Хатлони бостон дар пайравӣ аз мактаби сарварӣ ва инсондӯстонаи Пешвои миллат бо шукргузорӣ ва арҷ гузоштан ба хизматҳои шоистаи фарзанди фарзонаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷабҳаҳои гуногуни ҷомеа барои расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат паҳлуи роҳбари худ қарор доранд.

Имрӯз ҳамаи мо сидқан эътироф менамоем, ки мактаби ватандории Президенти мамлакат мактаби тарбияи насли худшиносу худогоҳ, мактаби ҷасорату матонат буда, ашаддитарин хасмро қоил кардааст, ки баҳри роҳнамоӣ намудани ҷомеа нақши муҳим дорад.

Дар ин маврид Пешвои миллат таъкид медоранд: «Мо бояд сулҳу оромии Ватан, суботи сиёсии ҷомеа ва ваҳдати миллиро эҳтиёт кунем, амнияти давлат, волоияти қонун ва зиндагии осоиштаи халқамонро бо ҳушёриву зиракӣ ва заҳмати содиқона таҳким бахшем.

...Мо бояд ба хотири Ватан, давлат ва халқи Тоҷикистон минбаъд низ содиқона заҳмат кашем ва дар ин роҳ мисли ангуштони як мушт сарҷамъу муттаҳид бошем.

Мо ҳаргиз ба умеди дигарон намешавем ва тамоми мушкилоту камбудиҳоямонро бо дастони худамон ва бо заҳмати аҳлонаи халқамон бартараф месозем».

Падидаҳои тозае, ки ҷиҳати рушду пешрафт мардумро ҳидоят мекунад, аз назари таърих ва мардум дур намонда, бар он талош меварзанд, ки дар атрофи ин нобиғаи аср муттаҳид шуда, барои боз ҳам ноил шудан ба мақсадҳои ниҳоӣ қадамҳои устувор гузоранд, ки ин аз дурахши ситораи бахти халқи Тоҷикистон дарак медиҳад. Нагузорем, ки дигар қувваи аҳримание ваҳдату ягонагии моро халалдор созад.

Бо ин мақсад дар атрофи ғояҳои ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳарвақта дида муттаҳидтар бошему истиқлолу якпорчагии Ватани азизамонро ҳифз намоем. Созандагию бунёдкориро ҳадафи асосии зиндагии худ қарор дода, баҳри пешрафти кишвар, беҳбуди зиндагии мардум ва дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузорем.

Бо ҳамин нияти нек, тамоми мардуми шарафманди Хатлонзаминро ба ифтихори 30-юмин солгарди Иҷлосияи сарнавиштсози XVI Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона таҳният гуфта, ба ҳамаи онҳо тансиҳатӣ, хонаободӣ, саодати рӯзгор, барои Тоҷикистони маҳбубамон суботу пешрафти рӯзафзун ва барои Пешвои муаззами миллат барору пирӯзиҳои навин орзумандам.  

Қурбон Ҳакимзода,
раиси вилояти Хатлон
Похожие новости:
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Варзиш / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019