Вориси Беҳзод

Адабиёт, театр, мусиқӣ ва рассомӣ асоси пешрафти шуури ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад.
                                                                Эмомалӣ Раҳмон
 Аз фаъолияти пурсамар рассоми чирадасту хушсалиқа Беҳрӯз Забиров тавассути нақлу қиссаҳои падараш, ки замоне ҳамкор будем, огоҳӣ доштам. Бо мақсади суҳбат бо рассоми ҷавон роҳ сӯи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро пеш гирифтам. Ин донишкада соли 2013  бо дастуру тавсияҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст, ки тарҳи хеле баланди меъморӣ, сутунҳои баланд ва ороишоти зебои берунии бинои он таваҷҷуҳи бинандаро ба худ ҷалб месозад. Беҳрӯзро дар яке аз толорҳои хурди донишкада бо чанд нафар донишҷӯдухтарон ҳангоми тасвири як мусаввара дарёфтем. Тааҷҷуби моро пай бурда, иброз намуд, ки солҳои охир ихлосмандони ҳунари рассомӣ аз ҳисоби духтарон зиёд гардидааст. Ба гоҳи суҳбат баъзан ғарқи андеша дар олами рангҳо ва тахайюлоти дунёи худ мегардид. 

   Беҳрӯз зодаи ноҳияи Вахш буда, солҳои зисту зиндагонии аҳли оилаи онҳо дар шаҳри Бохтар ӯ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 9  таҳсил кардааст. Устодонаш ҳанӯз дар синни хурдӣ шавқу рағбаташро ба расмкашӣ пай бурда, дар ин ҷода ӯро роҳнамоӣ мекунанд. Бо  амри сарнавишт оилаи онҳо ба пойтахти кишвар шаҳри Душанбе мекӯчанд ва Беҳрӯз бо хоҳараш Дилором ( ҳоло корманди ҳафтаномаи  «Омӯзгор» ) дар як синф дар МТМУ № 21 таҳсилро идома медиҳанд. Дар ҳамсоягии онҳо оилаи нависандаи забардаст,  устоди зиндаёд Сайф Раҳимзоди Афардӣ зиндагӣ мекард ва онҳо бо оилаи ин адиби шаҳир рафту омади хуб ва муносибати дӯстона доштанд. Ба гуфтаи Беҳрӯз духтари ҳамсояи онҳо Анисаи Афардӣ бисёр рассоми бомаҳорат ва чирадаст буду мисли рассомони касбӣ мусаввараҳо эҷод менамуд.
   -Ҳафтае ду – се маротиба ё дар хонаи мо ва ё дар хонаи Аниса ҷамъшуда, то бегоҳӣ ба расмкашӣ машғул мешудем,- ба ёд меорад Беҳрӯз. - Маҳз бо маслиҳату тавсияи Анисаи Афардӣ баъди хатми бомуваффақияти мактаб ба Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимови шаҳри Душанбе дохил шудам. Ҳангоми таҳсил дар коллеҷ аз устодону рассоми машҳури кишвар – Илёс Маҳмадҷонов, Рассоми халқии Тоҷикистон профессор Сабзалӣ Шарипов ҳунари пурэъҷози рассомиро омӯхта, дар ин давра мусаввараҳои зиёд эҷод карда будам.

   Беҳрӯз Забиров  соли 2006  Коллеҷи номбурдаро бо дипломи аъло хатм намуд, аммо барои  омӯхтани сирру асрори олами рассомӣ ва расидан ба қуллаҳои баланд дар ин ҷода таҳсилоти  маълумоти миёнаи касбӣ барояш басанда набуд. Барои ҳамин ба факултаи санъати тасвирии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дохил шуда, онро низ бо дипломи аъло хатм кард. Ҳангоми таҳсил дар баробари омӯзгорону устодон, аз Рассоми халқии Тоҷикистон шодравон Зуҳур Ҳабибуллоев нозукиҳои ҳунарро аз бар менамояд. Аз чунин рассомони бузург сабақи ҳунару зиндагӣ гирифтан барояш ифтихор буд. Ҳамин тавр, ӯ бо тавсияи роҳбарияти Донишкада тайи ду сол ба ҳайси ассисисенти кафедраи санъати тасвирӣ ва омӯзгори фанҳои тахассусӣ фаъолият намуд. 
   Аз соли 2013  бо дастури вазири фарҳанги ҷумҳурӣ ӯ тариқи гузариш ба Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ фаъолияти худро идома дода, айни замон ба симати декани факултаи тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ ва мудири кафедраи мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ фаъолият дорад.
Соли 2015 ба узвияти Итифоқи рассомони Тоҷикистон ва аз соли 2017 аъзои Раёсати Итифоқи расомони Тоҷикистон пазируфта шуд. Шавқу рағбати бепоёнаш ба ҳунари рассомӣ аст, ки дар баробари масъулият дар Донишкада худ низ пайваста пайи эҷоди мусаввараҳост.  
 - Рассом бояд ба воситаи асарҳояш таърихи бою қадимаи гузаштаи халқи куҳанбунёдамон, анъанаҳои миллӣ, табиати зебою биҳишосои кишвар, рӯзгори воқеии мардумро инъикос намояд, - мегӯяд ӯ. - Асарҳои офаридаам аз қабили «Тоҷикистон- Ватанам», «Нисфирӯзии Ворух», «Ид», «Бозори қадимаи Самарқанд», « Зиддӣ», «Шоми Самарқанд»,  « Арафа», «Бозори куҳна», «Зидеҳ бади борон» ва ғайраҳо мавриди таваҷҷуҳи дӯстдорони ин санъати зебо аст.
 Дар чеҳранигорӣ ва мусаввараҳо, ки бо сабки хос офаридааст, бо рангҳои зебою гуногун ҷаҳони ботинии образҳоро инъикос менамояд. Асрори пешрафту дастовардҳояш дар ҷодаи наққошию эҷоди мусавварҳои ҷолиб аз меҳру муҳаббати беандозааш ба ҳунари дӯстдоштаи ӯ маншаъ мегирад. Ба қавли ӯ дар пешаи тасвиргарӣ бояд азми устувору хоҳиши бузурги эҷодӣ бояд дошт ё ба қавли Саъдии бузург: 
Суратгару наққоши Чин, 
Рав сурати ёрам бубин.
 Ё сурате баркаш чунин,
 Ё тарк кун суратгарӣ.
  Рассоми боистеъдод Беҳрӯз Забиров бо ҳунари волои худ дар чандин намоишҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро муаррифӣ намудааст. Моҳи марти соли 2013 дар намоишгоҳи рассомони ҷавони кишварҳои ИДМ дар шаҳри Москва, соли 2013 дар маросими Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикитон дар Туркманистон,  соли 2016  дар намоиши асарҳои рассомон аз рӯи лоиҳаи «Гулбоғи Хайём дар осорхонаи миллии Туркманистон, феврали соли 2018 дар намоишгоҳи байналмилалии «Триумф  цвета» дар шаҳри Женеваи Шветсария ва  моҳи июни соли 2018 дар намоишгоҳи байнанмилалӣ дар кишвари Чин намунае аз сафарҳои ӯ дар кишварҳои гуногуни олам арзёбӣ мегардад.

   Моҳи августи соли 2018 Беҳрӯз Забиров ҳамчун намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тавсияи Иттифоқи рассомони кишвар дар ҳамоиши байнанмилалии «Руҳи Самарқанд»  фаъолона иштирок намуда, дар миёни рассомони 18 кишварҳои олам асарҳои офаридаи ӯ сазовори баҳои баланд гардида буд. Ҳамчунин, давоми рӯзҳои аз 7-уми ноябр то 7-уми декабри соли 2019 бо даъвати роҳбарияти осорхонаи навтаъсиси Шарқи наздик  ба шаҳри Никосияик кишвари  Кипр (Кубрус) сафар намуда, асарҳои офаридаашро ба маърази тамошо гузошта буд. 
   - Соли 2023 дар толори Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати 90- солагии Рассоми халқии Тоҷикистон шодравон Зуҳур Ҳабибуллоев таҳти унвони «Хатти умр» конференсияи илмӣ ва намоиши асарҳои шогирдони ӯ  баргузор гардид. Дар ин намоишномаи сертамошобин, ки аксарияти иштирокчиён рассомону ҳунармандон ва фарҳангшиносони машҳур буданд, ба мусаввараҳои офаридаам баҳои баланд дода буданд, ки ин шавқу рағбатамро ба ҳунари рассомӣ бештар гардонида, барои офаридани асарҳои беназир руҳу илҳоми тоза бахшидааст,- ба ёд меорад рассоми номдори Тоҷикистон Беҳрӯз Забиров.
Дарвоқеъ,  муҳтавои асарҳои эҷоднамудааш, ки аз мавзуъҳои арзишҳои инсонӣ, одаму одамгарӣ, меҳру муҳаббати инсонӣ иборатанд,  ба тамошобин ҳисси хушбинона ва умеду боварӣ ба ояндаро мебахшад. Зимни суҳбат итминон ҳосил намудам, ки рассоми чирадаст Беҳрӯз Забиров монои мусаввараҳои офаридааш дунёи рангину андешасоз дошта, суҳбати самимонааш инсонро ба олами ҳунарҳои нотакрор омӯзиши фарҳангу таърихи ҳунарҳои бостонии миллат роҳнамун месозад. Воқеан тамошои асарҳои офаридаву баҳрамандӣ аз суҳбати дилнишинӣ ӯ пеши назар ҳаёту фаъолияти эҷодии тасвиргарони нотакрори таърих ба мисоли Мониву Беҳзод таҷассум мегардад, ки ҳунари рассомиро аз насл ба насл ба меросбарони фарҳангу ҳунари имрӯзи халқи тоҷик монанди Беҳруз Забиров мерос гузоштаанд. 
     Азам Бобоев,                     
  шаҳри Душанбе.


Похожие новости:
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Варзиш / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий