Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Дар Кӯшониён 16 километр роҳ таъмири асосӣ шудааст
Дар давоми даҳ моҳи сипаригардидаи соли равон, бо харҷи беш аз 2 миллион сомонӣ роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кӯшониён таъмиру бозсозӣ карда шудаанд.
Тавре зимни суҳбат сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кӯшониён Ҷовид Ҳакимзода иброз кард, ин иқдом бо ташаббуси Вазорати нақлиёти мамлакат, мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорону шахсони саховатпешша амалӣ гардида, дар натиҷа беш аз 16 километр роҳҳо таъмири асосии асфалтпӯш ва беш аз 20 километри дигар сангфарш карда шуданд. Инчунин дар ин давра як пули монишгузар аз таъмир бароварда шуда, дар қисмати зиёди роҳҳои ҳудуди ноҳия хатҳои уфуқӣ кашида шудаанд.

Зикр шуд, ки дар таъмиру таҷдиди роҳҳо саҳми соҳикборон назаррас буда, қисмати зиёди роҳҳои маҳаллӣ бо маблағгузории онҳо бозсозӣ гардидааст.
-Соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ 400 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки то инҷониб пурра ҷудо гардида, қисмати зиёди роҳҳои маҳаллии ҳудуди ноҳия аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд, - гуфт Ҷ. Ҳакимзода.
Гуфта шуд, ки дар ин давра аз ҳисоби Вазорати нақлиёти мамлакат низ барои таъмири роҳҳои автомобилгарди ҳудуди ноҳияи Кӯшониён 280 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, қисмати зиёди роҳҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ аз таъмир бароварда шуданд.
Дар тавозуни Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кӯшониён 230 километр роҳ мавҷуд буда, аз ин 178 километр роҳҳои маҳаллӣ, 34,8 километр роҳҳои байналмилалӣ ва 16,9 километр роҳҳои аҳамияташ ҷумҳуриявӣ мебошанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



