Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
08 ноя 13:19АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Иҷтимоъ / Сохтмон ва меъморӣ
БОЗСОЗИИ “ТЕППАИ ҚӮРҒОН” ОҒОЗ МЕШАВАД
Яке аз иншооти таърихии маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар “Теппаи Қӯрғон” ки чанд сол боз садамавӣ гардидааст, дар назар аст, ки то соли 2026 пурра азнавсозӣ карда шавад.
Дар ин бора сардори Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон Саъдуллозода Абдулвоҳид ба “Сафо” иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ки ин ёдгории таърихӣ аз ҳисоби буҷети вилоят бо харҷи 50 миллион сомонӣ бозсозӣ гардида, тибқи лоиҳа бояд дар болои он амфитеатр, чойхонаи миллӣ ва фаввораҳои замонавӣ сохта шаванд.
-Соли 2024 корҳои сохтмонӣ дар иншооти мавриди назар оғоз мешаванд ва аллакай барои оғози бозсозии “Теппаи Қӯрғон” 10 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, - гуфт Саъдуллозода Абдулвоҳид.
Лоиҳаи нави “Теппаи Қӯрғон” аз ҷониби чанд институти лоиҳакашии мамлакат, аз ҷумла ҶСК “Шаҳрофар”-и шаҳри Душанбе омода гардида, баъди бозсозӣ гардидан макони хубе барои сайёҳону сокинони вилояти Хатлон хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки иншооти таърихии “Теппаи Қӯрғон, ки масоҳати он 2,5 гектарро дар бар мегирад, на танҳо муаррификунандаи шаҳри Бохтар, балки минтақаи ҷануби кишвар ба ҳисоб меравад.
Пайдоиши он ба асрҳои 1 – 2 мансуб буда, он мӯъҷизаи табиат набуда, дастӣ сохта шудааст. Дар болои он қасри шоҳони Вахшонзамин ва дар асрҳои XIX ибтидои асри ХХ қалъаи Беки Қӯрғонтеппа ҷойгир будааст.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР


