Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
“МегаФон Тоҷикстон” “Pre-5G” роҳандозӣ кард
Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” аз оғози соли 2023 дар сартосари ҷумҳурӣ технологияи нави “Pre-5G”-ро роҳандозӣ кардааст. Аз ин пас ба ҳар як муштарӣ манбаъҳои бештар дастрас шуда, суръати интернети мобилӣ метавонад садҳо мегабитро дар як сония ташкил диҳад.
Тавре директори техникии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Рафил Аглямов ба “Сафо” иттилоъ дод, хусусияти таҷҳизоти Pre-5G дар он аст, ки ҳангоми фаъол будани он ҳамзамон дар якчанд басомад метавон кор кард. Технологияи нави Pre-5G аллакай дар зиёда аз 40 фоизи пойгоҳҳои базавии 4G/LTE-и ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба кор дароварда шудасст.
Манбаъ афзуд, ки мутахассисони техникии ширкат таҷҳизоти иловагӣ насб карда, инчунин таъминоти барномавии пойгоҳҳои базавии 4G-ро нав мекунанд. Дар навбати худ, технологияи нав дар минтақаҳои аз ҳама сераҳолии кишвар, шаҳрҳои бузург ва марказҳои ноҳияҳо роҳандозӣ карда мешавад.
-Технологияи Pre-5G дар бисёри смартфонҳои дар Тоҷикистон фурӯхташаванда дастрас буда, муайянсозии мутобиқати дастгоҳи мобилӣ бо шабакаи Pre-5G тариқи шиносоӣ бо тавсифи хусусиятҳои смартфон имконпазир аст. Дар рӯйхати стандартҳои дастраси алоқа бояд яке аз номҳои технология аз қабили Pre-5G, LTE-Advanced, LTE-A ё 4G+ мавҷуд бошад. Барои фаъолкунии интернети баландсуръат кофист, ки дар танзимот тугмаро бо варианти Pre-5G фаъол намоед. Пас аз ин аломати зарурӣ дар экран ба ҷои аломати 4G пайдо мешавад, - гуфт Рафил Аглямов.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



