Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Дар “Тоҷикобод” 10 иншоот ба истифода дода шуд
Ҷиҳати шоиста истиқбол намудани ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Вахш корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.
Аз ҷумла дар Ҷамоати деҳоти “Тоҷикобод”-и ноҳия ба ифтихори ин ҷашни фархунда бунёди 22 иншооти таъинонти гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Дастагул Мирзоева, раиси ҷамоати деҳоти болозикр ба “Сафо” иттилоъ дод, ки аз ҷамъи умумии иншооти дар нақшабуда, то имрӯз аллакай 10 адади он сохта ба истифода дода шудааст, ки дар онҳо беш аз 50 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гаштаанд.

Иншооти бунёдшуда ду муассисаи таълимӣ, бунгоҳи тиббӣ, корхонаи дӯзандагӣ ва коргоҳи истеҳсолӣ буда, бо сатҳу сифти хубу санъати баланди меъморӣ бунёд шудаанд.
Зикр шуд, ки боз дар ҳашт иншооти дигар корҳои сохтмонӣ бо суръат идома дошта, марҳила ба марҳила мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД 14:28Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст 13:58ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН 13:03ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ 12:57Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид 15:36СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД? 15:52МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ 15:48БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ 15:59
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?
МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ
ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН



