Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАМНУЪГОҲИ ТАБИИИ ДАВЛАТИИ «ДАШТИ ҶУМ»
26 октябр раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ аз Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Даштиҷум»-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дидан карда, аз парваришгоҳи бузи кӯҳии пармашох, парваришгоҳи гӯсфанди кӯҳии бухороӣ, боғи навбунёди анор ва дигар мавзеъҳои парваришгоҳ боздид ба амал оварданд ва дарахти ҳамешасабз - арча шинониданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Мамнуъгоҳи табиии давлатии “Дашти Ҷум” бо қарори Шурои РСС Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 1983, таҳти №273 бо мақсади ҳифзу нигоҳдорӣ ва афзунгардонии саршумори намудҳои нодир ва дар ҳолати маҳвшавӣ қарордоштаи олами ҳайвонот ташкил карда шудааст.
Масоҳати мамнуъгоҳ 19700 га буда, дар қисмати ҷанубу шарқии Тоҷикистон дар доманакӯҳи Ҳазрати Шоҳ дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ташкил карда шудааст.
Дар мамнуъгоҳ зиёда аз 850 намуди набототи гуногун мавҷуд буда, аз онҳо 100 намудашон растаниҳои эндоникӣ (маҳаллӣ) мебошад.

Ҳамчунин, 5 синфи ҳавоноти сутунмуҳрадор мавҷуданд, ки ба 22 қатор ва 233 намуд ҷудо мешаванд. Аз ин миқдор, ба синфи ширхӯрон 52 намуд ва ба синфи парандагон 139 намуд, ба хазандагон 18 намуд ва ба синфи моҳиён 5 намуд дохил мешаванд.
Бояд ёдовар шуд, ки аз ин намудҳои номбурда ба китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 намуди ҳавоноти мамнуъгоҳ дохил карда шудааст.
Олами ҳайвоноти бесутунмуҳра (ҳашаротҳо) бошанд, зиёда аз 3000 намудро дар бар мегирад.
Солҳои охир дар ҳудуди мамнуъгоҳ 2 парваришгоҳ барои нигоҳубин ва парвариши бузи пармашох ва гусфанди куҳӣ (уриял) ва парваришгоҳи анори бедона кушода шудааст.
Қобили қайд аст, ки раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни боздид ба масъулон ва кормандони иншооти мазкур оид ба фаъолияти минбаъда муваффақият хоста, барои боз ҳам тақвият додани корҳои минбаъда дастуру супоришҳо доданд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ПАНДИ МОДАР
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Гавҳари зиндагӣ
ВАТАН ДАР ҶОН



