Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
14 окт 14:10АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Маориф / Иҷтимоъ / Маърифат ва тандурустӣ / Сохтмон ва меъморӣ
БУНЁДИ 123 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФУ ТАНДУРУСТӢ
Дар давоми нуҳ моҳи сипаригардидаи соли равон дар ҳудуди вилояти Хатлон 123 иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ сохта ба истифода дода шудааст.
Дар ин бора аз шуъбаи сохтмон ва меъмории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба “Сафо” иттилоъ доданд.
Аз ҷамъи умумии иншооти бунёдшуда 93 ададаш ба соҳаи маориф ва 30 адади дигар ба соҳаи тандурустӣ тааллуқ доранд.
Иншооти соҳаи маориф аз 656 синфхонаи иловагӣ иборат буда, дар онҳо 15 ҳазору 773 ҷойи нишаст дар як баст муҳайё карда шудааст.
Инчунин дар 315 муассисаи таълимии дигар сохтмон идома дорад, ки баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор додан 55 ҳазору 743 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
Иншооти соҳаи тандурустӣ бошад, 30 ададро дар бар гирифта, ба маблағи 24 миллиону 641 ҳазор сомонӣ бунёд шудаанд.
Соли 2023 дар маҷмуъ бунёди 81 иншооти соҳаи тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст, ки феълан дар аксарияти онҳо корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН



