Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
НАЗДИКИ 100 КИЛОМЕТР РОҲ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ ШУД
Давоми ҳашт моҳи сипаригардидаи соли равон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон наздики 100 километр роҳҳои автомобилгард таъмиру азнавсозӣ гардида, дар назар аст, ки то охири сол боз даҳҳо километри дигар бозсозӣ карда шаванд.
Тавре зимни суҳбат сардори Муассисаи давлатии “Хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Кӯлоб Хуршед Арабзода зикр кард, иқдоми мазкур бо ташаббуси Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорон ва мақомотҳои маҳаллӣ роҳандозӣ гардида, дар маҷмӯъ бо харҷи беш аз 40 миллион сомонӣ роҳҳои автомобилгарди минтақаи Кӯлоб таъмиру азнавсозӣ шудаанд.
Аз ҷумла беш аз 45 километр роҳ бо харҷи 38 милиону 348 ҳазору 630 сомонӣ пурра асфалтпӯш гашта, беш аз 45 километр роҳи дигар ба маблағи 1 миллиону 760 ҳазору 730 сомонӣ шағалпӯш карда шудааст. Инчунин чор пули мошингузар ба дарозии 76 метр ба малағи 671 ҳазор сомонӣ таъмир гашта, як қубур бо дарозии 60 метр бо харҷи 185 ҳазор сомонӣ аз таъмир бароварда шудааст.
-Дар маҷмӯъ дар самти таъмиру таҷдиди роҳҳо дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон кор бо ҷӯшу хурӯш идома дошта, марҳила ба марҳила роҳҳои автомобилгарди аҳамияти ҷумҳуриявию байналмилалӣ доштаи минтақаи Кӯлоб таъмиру бозсозӣ шуда истодаанд, - иттилоъ дод Хуршед Арабзода.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН



