Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
СОМОН МАҲМАДБЕКОВ НИШОНИ ТИЛЛО БА ДАСТ ОВАРД
Варзишгари ҷавону умедбахши тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар 19-уми Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу – 2022 аз рӯи намуди гӯштини ҷудо соҳиби нишонӣ тилло гардид.
Ин паҳлавони номдори Тоҷикистон зери вазни то 81 килограмм баромад карда, дар финали мусобиқот бар муқобили намояндаи кореяи Ҷанубӣ – Ли Ҷунван бо имтиёзи вазарӣ пирӯзӣ ба даст оварда, ҷойи аввалро ишғол намуд.
Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал бо ду имтиёзи вазарӣ бар Муаяд Звайб аз Фаластин, дар даври чаҳорякниҳоӣ бо имтиёзи иппон бар Асад Масабирови қирғиз, дар даври ниманиҳоӣ бо як ҷасорату матонати ба худ хос бар Абулайхан Жубаназари қазоқ бо имтиёзи вазарӣ ғалаба карда, ба финал роҳ ёфт.
Дар таърихи ҷудои тоҷик Сомон Маҳмадбеков аввалин ҷудокор шуд, ки дар Бозиҳои Осиёӣ соҳиби нишони тилло гардид.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ба Сомон Маҳмадбеков ғайр аз ҷоизаи Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу – 2022 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 150 000 сомонӣ ва аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ як хонаи се ҳуҷрагӣ туҳфа карда мешавад.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?



