Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ОМӮЗГОРОН СОҲИБИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ШУДАНД
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки раиси вилояти Хатлон ва вазири маориф ва илми мамлакат машварати августии омӯзгорони вилояти Хатлон баргузор гардид.
Нахуст меҳмонон аз намоиши дастовардҳои кормандони соҳаи маороф ва омӯзгорони вилоят дидан карда, бо чанде аз кӯдаконе, ки бори аввал қадамҳои нахустини хешро ба остонаи мактаб мегузоранд ҳамсуҳбат шуданд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ин чорабинӣ баромад карда, фаъолияти соҳаи маорифи вилояти Хатлонро дар соли таҳсили 2022 – 2023 таҳлилу баррасӣ намуд.
Зикр шуд, ки дар соли таҳсили гузашта 85 иншооти соҳаи маориф бунёд гардида, дар 315 муассисаи таълимии ҳудуди вилоят сохтмони 2325 синфхонаи иловагӣ барои 55 ҳазору 743 ҷойи нишаст бомаром идома дорад. Гуфта шуд, ки агар дар соли таҳсили 2021 – 2022 дар вилояти Хатлон 1362 муассисаи таълимӣ фаъолият мекард, ин нишондод дар соли 2023 ба 135 адад расид.

Вазири маориф ва илми мамлакат Саидзода Раҳим Ҳамро низ дар ин чорабинӣ суханронӣ намуда, дар бораи натиҷаву дастовардҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон изҳори назар кард.
Сипас дар вазъияти тантанавӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон” ба 16 омӯзгори муассисаҳои таълимии ҳудуди вилоят аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Сертификати замини наздиҳавлигӣ тақдим карда шуд.

Инчунин дар ин ҷамъомад ба чанде аз омӯзгорони ҷавоне, ки фаъолияти худро тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми мамлакат дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилоят оғоз бахшиданд, аз ҷониби раиси вилояти Хатлон ва вазири маориф ва илми кишвар тафтарчаи меҳнатӣ тақдим карда шуд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



