Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДУ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
Раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсуфов зимни нишасти матбуотии хеш гуфт, ки дар шаш моҳи сипаригардидаи соли равон дар ноҳияи Вахш ду муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои ба таҳсил фаро гирифтани 1050 хонанда бунёд гардида, дар 45 синфхонаи иловагӣ барои 2250 ҷойи нишаст сохтмон идома дорад.
Ҳамчунин бинои нави таълимӣ иборат аз 10 синфхона барои ба таҳсил фаро гирифтани 250 хонанда дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 бунёд гардида истодааст, ки сохтмони он дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Гуфта шуд, ки дастоварди хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпидаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ қаноатбахш буда, ба даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 22 нафар роҳхат гирифтанд, ки ин нишондод нисбати соли гузашта 3 нафар зиёд мебошад.
Инчунин 66 нафар хонандагони ноҳия дар олимпиадаҳои байналмилалӣ фаъолона иштирок намуданд, ки дар натиҷа 19 нафар ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифта, соҳиби 2 медали тилло, 2 медали нуқра ва 11 медали биринҷӣ гардиданд.
Ҳамчунин хатмкунандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 Сабоҳат Очилова соҳиби аттестаи универсалӣ ва медали тилло гардидааст.
Сулаймон СУЛТОН
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



