Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Чор мушкили меҳварии идораҳои коммуналӣ
Норасоии техникаю кам будани қуттиҳои партовпартоӣ, таъмирталабу садамавӣ будани бинои идораҳо ва қарзи ташкилоту муассисаҳои буҷетию аҳолӣ масъулини “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и вилояти Хатлонро нигарон кардааст.
42 техникаи нав лозим
Ба иттилои Нурулло Абдураҳимзода, сардори намояндагии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” дар вилояти Хатлон айни замон идораҳои хоҷагии манзилию коммуналии шаҳру ноҳияҳо ба 42 техника, аз ҷумла 28 техникаи партовкашонию 14 обпошак ва 700 қуттии партов эҳтиёҷ доранд. Феълан дар тавозуни корхонаҳои болозикр 237 техника мавҷуд буда, 100 адади он корношояму таъмирталаб мебошанд.

- Аксарияти ин техника аз даврони шуравӣ буда, ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Норасоии техника асосан дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилоят зиёд мебошад, - гуфт Н. Абдураҳимзода.
Ба гуфтаи ў давоми моҳҳои сипаригардидаи соли равон бо харҷи 850 ҳазор сомонӣ 10 техника харидорӣ гардида, ба идораҳои коммуналии ноҳияҳои Кӯшониён, Дӯстӣ, Носири Хусрав, Хуросон, Шаҳритус, Панҷ, Ҷайҳун, Қубодиён, Восеъ ва Муъминобод дастрас карда шудааст. Ин техникањо нав набуда, қаблан истифода шудаанд.
Нурулло Абдураҳимзода дар баробари норасоии техника аз таъмирталабу садамавӣ будани идораҳои коммуналии шаҳру ноҳияҳо ва сари вақт пардохт накардани ҳаққи хизматрасонии коммуналӣ изњори нигаронӣ карда гуфт, ки њоло идораҳои коммуналии ноҳияҳои Ховалингу Восеъ пурра дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, идораҳои коммуналии ноҳияҳои Темурмалик, Панҷ, Ҷайҳун, Вахш ва Кӯшониён таъмирталаб мебошанд.
Инчунин ба ҳолати якуми январи соли равон қарзи пардохтнашудаи ҳаққи хизмати коммуналӣ аз ҳисоби аҳолӣ 2 миллиону 696 ҳазор сомониро дар бар гирифта, корхонаҳои худмаблағгузор 493 ҳазор сомонӣ ва ташкилоту идораҳои буҷетӣ 1 миллиону 464 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд.
Ҳамаи техникаҳо таъмирталабанд
Бо мақсади шиносоӣ пайдо кардан аз шароити корӣ ба Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии коммуналии шаҳри Бохтар омадем. Роҳбари навтаъини ин корхона Маҳмадшариф Сараев зимни суҳбат гуфт, ки ҳоло аз вазъи ин идора ба пуррагӣ огоҳ нест.

-Аз набудани техника корхона тариқи шартнома бо техникаҳои сокинон партовҳои ҳудуди шаҳри Бохтарро кашонида истодааст. Аввалин коре, ки анҷом доданӣ ҳастем, таъмири техникаҳо мебошад, - гуфт ӯ.
Иттилоъ гирифтем, ки аз 20 техникаи дар мувозинати идораи коммуналии шаҳри Бохтар буда, ҳамаашон таъмирталабу корношоям мебошанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ин техникаҳо наву замонавӣ буда, чанд соле пеш дар доираи як лоиҳа ба корхона ворид гардида буданд. Њарчанд давоми як соли охир дар ин корхона чанд роҳбар иваз шудааст, аммо мушкилоти таъмирталаб будани техникаҳо роҳи ҳалли хешро пайдо накардааст.
Абдуғаффор Камолов, иқтисодчии идораи коммуналии ноҳияи Кӯшониён зимни суҳбат бо нигаронӣ гуфт, ки ба идораи онҳо ягон техникаи нав ворид нашудааст ва дар мувозинати идораашон ҳамагӣ як техника мавҷуд буда, он ҳам корношоям мебошад.
-Соли гузашта ба унвонии ниҳоди ҷумҳуриявии хеш барои хариди техникаи нав се маротиба мактуб ирсол кардем. Аммо масъулини ниҳоди болоиамон ин хоҳиши моро иҷро накарданд. Соли сипаригардида њамагї 22 ҳазор сомонӣ барои таъмири техника ба идораи мо ҷудо гардида буд, ки бо ин маблағ ҳамон як техникаи идораро таъмир намудем. Бо гузашти андак вақт ин техника боз аз кор монда, таъмирталаб шуд, - гуфт Абдуғаффор Камолов.
Ба гуфтаи ӯ аз набудани техника корхона бо як ронандаи боркаш шартнома баста, ҳамарӯза барои кашонидани партовҳои ҳудуди ноҳия аз техникаи ӯ истифода мекунанд. Бар ивази кор ба соҳиби техника дар як рӯз 550 сомонӣ пардохт карда мешавад. Соли ҷорӣ низ аз ҷониби роҳбарияти идораи коммуналии ноҳияи Кӯшониён ба унвонии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ҷумҳурӣ барои таъмини техникаи нав мактуб ирсол гардидааст ва онҳо умедворанд, ки ин навбат хоҳишашон иҷро хоҳад шуд.
Ба иттилои роҳбари КДФ “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳри Левакант Абдураҳмон Бузмаков дар мувозинати идораи онҳо 12 техника мавҷуд буда, аксарияти онҳо таъмирталаб мебошанд.

“Соли ҷорӣ бо дастгирии раиси шаҳр ба маблағи 80 ҳазор сомонӣ як техника харидора шудааст. Дар мувозинати идораи мо техникаи махсуси партовкашонӣ вуҷуд надорад. Партовҳо бо трактор кашонида мешаванд. Дар шаҳр 11 нуқтаи партовпартоӣ мавҷуд буда, ҳамарӯза партовҳои сокинон сари вақт кашонида мешаванд. Чанд сол аст, ки мо мунтазири амалишавии як лоиҳа ҳастем. Агар ин лоиҳа амалӣ гардад, идораи мо бо техникаи наву замонавӣ таъмин хоҳад шуд.”- идома дод ӯ.
Аз ҳисоби буҷет маблағ ҷудо намешавад
Перомуни харидани техникаи махсуси партовкашонӣ аз ҳисоби буҷети вилоят ба Сарраёсати молияи вилояти Хатлон муроҷиат кардем. Сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Иззатуллозода Ҳабибулло гуфт, ки барои воридсозии техникаҳо ба идораҳои коммуналӣ аз ҳисоби буҷети вилоят ҷудошавии маблағ ба нақша гирифта нашудааст. Ба иттилои ӯ солҳои қаблӣ аз ҳисоби буҷет дар ин самт маблағ ҷудо мегардид. Аммо тайи ду соли охир барои ин масъала маблағ пешбинӣ намешавад.

Хулоса
Мусаллам аст, ки симои ҳар шаҳру ноҳияро аз тозагии он баҳо медиҳанд. Дар ин мавод мо танҳо аз мушкилоти ду шаҳру як ноҳия мисол овардем, ки норасоии техника кори ин идораҳоро мушкилзо кардааст. Дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ноҳияҳое низ ҳастанд, ки аз набудани техникаи лозимӣ дар идораҳои коммуналӣ партовҳоро бо ароба ва моторолҳо мекашонанд, ки аз фалаҷ гаштани ин ниҳод гувоҳӣ медиҳад.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ДӮСТӢ. ТАБИБОН СОҲИБИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ШУДАНД 16:02ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ХАТЛОН 15:21ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ 10:16МАЪРАКАИ ЧИНИШИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОҒОЗ ШУД 13:22БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ДУСОЛА 13:08КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 400 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:59КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:52МАДИНА ҚУРБОНЗОДА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ФАРЗАНД-БОҒИ ПАДАРУ МОДАР" ГАРДИД 14:20
Серхонандаҳо
Ташрифи ҳайати экспедитсияи “Саёҳат ба қалби Авруосиё – 2025” ба шаҳри Бохтар
Ҳиссаи омӯзгорони унвондор ба 36,3 фоиз расид
Дар Хатлон 21 нафар ба фаъолияти блогерӣ машғул мебошанд
Кӯшониён. Як ноболиғ аз ғарқшавӣ наҷот дода шудааст
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ОҒОЗИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ 1,5 КМ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТАИ ШАҲРАКИ ЁВОН- МЕҲРОБОД- ДАСТГИРАК- НАВОБОД ВА ПУЛИ МОШИНГУЗАР БАЪДИ ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗӢ
ЁВОН: БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ОҲАКИ СОХТМОНИИ ҶДММ «ҒАЮР ИНДАСТРИАЛ»
ЁВОН: ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ
Тоҷикстандарт. Дар Хатлон 7,3 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор шуд
БУНЁДИ 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ДАР ШАШ МОҲ
120 ҳазор сомонӣ маоши кормандони беморхонаи Кӯлоб барқарор карда шуд